Бориши шадид сабаби ҳолати фавқулода дар ҷануби Тоҷикистон шуда, 250 сокини маҳаллӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд

Март 29, 2021 10:14

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бориши шадид дар ҷануби Тоҷикистон сабаби вуқӯи ҳолати фавқулода гардид.

28 март дар наздикии мавзеи Чорчашмаи  деҳаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, мавзеи Хоҷаи Шоми деҳаи Гултеппаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб баландшавии сатҳи об ба қайд гирифта шуд. Ин сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтани бандҳои муҳофизатии оби дарёҳо гардид.

Ҷиҳати таъмини амнияти сокинони деҳаи Гултеппаи Ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 250 нафар сокинони маҳаллиро ба ҷойҳои бехатар интиқол доданд. Бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумита Ҳотамшо Латифзода ситоди доимиамалкунанда таъсис дода шудааст.

Бо мақсади пешгирии рахнашавии бандҳои об кормандони Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 40 тахтасанги оҳану бетонӣ оварда, 20 адади онҳоро дар қисматҳои вайроншудаи банди муҳофизатӣ ҷиҳати истеҳком ва барқарор намудани бандҳои муҳофизатӣ  дар ҷойҳои дорои хатари рахнашавӣ насб карданд. Инчунин дар дарёи Сурхоб, дар наздикии Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ 20 тахтасанги оҳану бетонӣ насб карда шуд.

Барои гузаронидани корҳои барқарорсозӣ дар қитъаҳои дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб 6 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ҷалб шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иловагӣ сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ҷудо намудааст. Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома доранд.

Март 29, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд