ЧӢ ТАВР ТОҶИКИСТОН БАР КОРОНАВИРУС ПИРӮЗ ШУД. Кишварҳои ИДМ масунияти аҳолиро нисбат ба COVID-19 таҳқиқ мекунанд

Март 2, 2021 15:21

ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳқиқот оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба COVID-19, ба ибораи дигар таъсири муқовимат ба паҳншавии сироят дар баъзе мавзеъҳои  муайян оғоз ёфтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Нахуст арзёбии масуният нисбат ба вируси SARS-CoV-2 дар байни аҳолӣ дар Россия шурӯъ шуд. Дар айни замон, марҳилаи сеюми таҳқиқот дар арафаи анҷомёбист. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, доираи таҳлили ташхисӣ 21%-74%-ро ташкил медиҳад; дар 6 минтақа сатҳи он аз 60% зиёд аст.

Чунин таҳқиқот дар Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон низ оғоз ёфтаанд.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мушкилоти муҳофизати санитарии қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз воридот ва паҳншавии бемориҳои сироятии махсусан хатарнок, ки 24 феврал баргузор гардид, зарурати идомаи таҳқиқоти масунияти аҳолӣ нисбат ба COVID-19 дар кишварҳои ИДМ қайд карда шуд.

Ба фикри аъзои Шӯро, маълумоти мазкур барои муайян кардани хусусияти раванди эпидемиологӣ, таҳияи дурнамои рушди вазъи эпидемиологӣ дар як давлат ва дар маҷмӯъ дар Иттиҳод ва инчунин банақшагирии чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии махсус ва ғайримахсуси коронавирус мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон, Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Коршиносон зикр карданд, ки шиддати раванди эпидемияи COVID-19 дар маҷмӯъ ҳам дар ҷаҳон ва ҳам дар ИДМ коҳиш меёбад ва ин имкон медиҳад, ки тадриҷан чораҳои маҳдудкунанда бекор карда шаванд. Аз ҷумла, шумораи гирифторони COVID-19 дар кишварҳои узви ИДМ дар як моҳи охир каме дар Ӯзбекистон (1,02 маротиба) ва дар Беларус (1,2 маротиба) афзудааст. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати нав сабт нашудааст. Ҳар рӯз афзоиши начандон калон ба 100 ҳазор аҳолӣ дар як моҳи охир дар Беларус, Молдова, Россия ба қайд гирифта мешавад. Аз рӯи шумораи рӯйдодҳо ба 100 ҳазор аҳолӣ Арманистон дар ҷои аввал (5 726 ба 100 ҳазор), аз рӯи фавт — Молдова (2,1%) қарор доранд. Бештар аз ҳама озмоишҳои лабораторӣ ба сари 1 миллион аҳолӣ дар Россия (беш аз 730 ҳазор) ва Беларус (беш аз 500 ҳазор) гузаронида шудаанд.

Зикр шуд, ки айни замон дар кишварҳои узви ИДМ сатҳи пасти бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас ва зуком ба қайд гирифта мешавад. Ҳолатҳои ҳамзамон ҷараён ёфтани зуком ва сирояти нави коронавирус дар беморон сабт нашудааст.

Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ зарурати идома додани мубодилаи фаврии иттилоотиро дар бораи вазъи COVID-19 дар кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла табодули маълумоти нави илмӣ оид ба эпидемиология, ташхиси лабораторӣ, табобат, пешгирии COVID-19, инчунин мониторинги гардиши гунаҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаи коронавируси навро қайд карданд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар шакли  видеоконфронс дар моҳи апрел баргузор карда шавад.

Март 2, 2021 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон