CУТ: дар ҷаҳон ягон ҳодисаи марг аз ваксинаҳо бар зидди коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Март 13, 2021 15:22

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон ба зиёда аз 268 миллион нафар ваксина ба зидди коронавирус гузаронида шуда, то ҳол ягон ҳодисаи марг аз ин ваксинаҳо ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора дар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни тавзеҳи аз ҷониби Дания, Исландия, Италия ва Норвегия боз доштани истифодаи ваксинаи ширкати бритониёӣ-шведии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд пас аз пайдо шудани маълумот дар бораи ташаккули лахтаи хун дар онҳое, ки ваксина кардааанд, изҳор доштаанд, хабар медиҳад ТАСС.

«То санаи 9 март, тибқи маълумоте, ки СУТ аз ҳукуматҳои миллӣ гирифтааст, аз оғози пандемия ба беш аз 268 миллион нафар ваксина бар зидди COVID-19 гузаронида шудааст. То имрӯз ягон ҳодисаи марги марбут ба ваксинаҳо бар зидди COVID-19 муайян карда нашудааст», — гуфт намояндаи расмии СУТ Тарик Яшаревич.

Намояндаи расмии СУТ гуфтааст, ки ҳамчун чораи эҳтиётӣ, якчанд кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифодаи гурӯҳи махсуси ваксинаи AstraZeneca-ро бар асоси гузоришҳо дар бораи лахта шудани хун дар нафароне, ки ваксина гузарондаанд, боз доштаанд. Тарик Яшаревич афзудааст, ки ин тасмим ҳамчун чораи эҳтиётӣ, то анҷом ёфтани тафтишоти пурра, гирифта шудааст.

Март 13, 2021 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон