Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» ҷараён дорад

Март 21, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» аз рӯи вазнҳои то 65 кг, 75 кг, 90 кг ва +90 кг ҷамъбаст мегардад. Ғолибони мусобиқаи мазкур  аз  ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шоҳҷоизаҳо — 4 автомашинаи сабукрав, Ҷоми «Пойтахт-2021» ва туҳфаву ифтихорномаҳо мукофотонида мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2021 баргузор гардида истодааст.

Дар мусобиқаи мазкур қариб 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа мазкур тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Ҳадафи асосӣ аз роҳандозӣ намудани ин мусобиқаҳои варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони  пойтахт  ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи Аҷам мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба  Иди Наврӯз баргузор намудани  мусобиқаҳои гӯштингирӣ  ва пойгаи аспдавонӣ  дар пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.

Март 21, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд