Дар рӯйдодҳои зидди амният 270 нафар дар давоми як моҳ дар Афғонистон ҷони худро аз даст доданд

Март 2, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси маълумоти хабаргузории TOLOnews, моҳи феврали соли равон дар Афғонистон 270 шаҳрванд ва намояндагони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷон бохтаанд ва 173 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” ба истинод ба ин манбаъ.

Ин одамон дар натиҷаи таркиши минаҳои магнитӣ, минаҳои канори роҳ, ҳамлаҳои ҳадафнок ва ҳуҷумҳои «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) ба посгоҳҳо, деҳот ва шаҳрҳои Афғонистон кушта ва маҷрӯҳ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи январи соли равон 271 нафар кушта ва 347 нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Ҳамзамон бо сарнавишти номуайянии сулҳ, нигарониҳо аз бадтар шудани вазъи амният дар баҳори имсол бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад.

TOLOnews дар ин гузориш танҳо рӯйдодҳои аз тарафи манбаъҳои мустақил тасдиқшударо ҷой додааст.

Тавре таъкид мегардад, ҳарчанд дар ду ҳафтаи ахир хабарҳо дар бораи таркиши минаҳои магнитӣ ва кушторҳои ҳадафмандона дар кишвар камтар ба назар мерасанд, аммо гузоришҳо нишон медиҳанд, ки бо наздик шудани баҳор дар чанд вилоят даргириҳои шадид байни неруҳои давлатӣ ва «Толибон» оғоз шудаанд.

Март 2, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид