Дар Тошканд панҷ донишҷӯ бо маводи номаълум заҳролуд ва ҳалок шуданд

Март 1, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ донишҷӯи се донишгоҳи олии  Тошканд, ки дар хонаи шахсӣ якҷоя зиндагӣ мекарданд, бо маводи номаълум заҳролуд ва ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 28 феврал, дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуот, 27 феврал, соати 20.50 дар яке аз хонаҳои шахсӣ дар ноҳияи Юнусободи Тошканд ҷасадҳои панҷ донишҷӯи се донишгоҳи олии пойтахти Ӯзбекистон пайдо шуданд.

«Мутобиқи хулосаи пешакии ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги донишҷӯён заҳролудшавии шадид бо маводи номаълум мебошад», — омадааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ дар канали Telegram.

Тибқи иттилои идора, прокуратураи ноҳияи Юнусободи Тошканд дар робита ба марги донишҷӯён тибқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон «вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст», парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тафтиши парвандаи ҷиноятиро Прокуратураи генералӣ зери назорат қарор додааст, илова намуданд дар хадамоти матбуот.

 АКСИ: «Вести.uz»

Март 1, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

СУТ: иртибот байни ваксинаҳои AstraZeneca ва тромбоз имконпазир аст, аммо пайдошавии тромбҳо — рӯйдоди бениҳоят нодир
Бар асари таркиш дар Нангарҳори Афғонистон ду нафар ҳалок ва 18 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
Неруҳои амниятии Афғонистон чанде аз рустоҳои вулусволии Нусайи вилояти Бадахшонро аз «Толибон» бозпас гирифтанд
Шаш корманди полис ва низомиёни амнияти миллӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон кушта шуданд
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон дар натиҷаи таркиш кушта шуд
Неруҳои Амрико мавзеъҳои «Толибон»-ро дар Қандаҳори Афғонистон бомбаборон карданд
Ашхоси мусаллаҳи ношинос собиқ роҳбари вулусволии Чархи Лӯгарро дар Кобул террор карданд
Автомашинаи устодони Донишгоҳи Бағлони Афғонистон ҳадафи ҳамлаи ҷангҷӯён қарор гирифт
Таркиши навбатӣ дар Кобул боиси маҷрӯҳ шудани 15 нафар гардид
СУТ аз ҳолати даст кашидани чанд мамлакати Иттиҳоди Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca ба ташвиш омадааст
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ: 76 сол пеш Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА пойтахти Японияро бомбаборон карданд
Иҷрокунандаи вазифаи сардори полиси яке аз ноҳияҳои вилояти Ғазнии Афғонистон кушта шуд

Маводҳои таҳлилӣ