ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 150 ҳазор бех ниҳол шинонидаанд
КӮЛОБ, 2.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб бо мақсади ободу зебо намудани шаҳраку деҳот, инчунин иҷро намудани нақшаи сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва солимгардонии муҳити зист барои соли 2021 маъракаи ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонӣ оғоз ёфта, то ин муддат 155 ҳазору 378 адад ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида шудаанд, ки 93,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Бино ба иттилои мудири бахши назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Баҳодур Бобоев, ҳоло маъракаи ниҳолшинонӣ дар даҳ шаҳру ноҳия идома дошта, аксари ноҳияҳо нақшаро иҷро кардаанд.
Кормандони Бозрасӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи Аҷам ба тозагии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва маҳаллаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар ин самт назорати қатъӣ мебаранд. Масъулини Бозрасии ҳифзи муҳити зист бо марказҳои санитарию эпидемиологӣ, корхонаҳои фаръии манзилию коммуналӣ ва дигар ташкилоти соҳавӣ ҳамкорӣ дошта, баҳри зебо гардонидани марказҳои шаҳраку деҳот гулҳои мавсимӣ мешинонанд.
Масъулин ба ҳифзи наботот, ҳайвонот ва парандагони нодир низ тавааҷҷуҳ дошта, дар ҳолати боридани барф корҳои биотехникӣ гузаронида, ба парандагон дон ва ба ҳайвонҳои ваҳшӣ коҳу беда мегузоранд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






