ҶДММ «Созидание» барои анҷом додани хизматрасониҳои махсус аз БМТ иҷозатнома гирифт
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созидание» барои анҷом додани хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол тавассути аз нав барасмиятдарорӣ иҷозатнома гирифт. Иҷозатномаи мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» дода шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, тибқи ин қарор Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.








Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






