ЭЪЛОМИЯИ муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
29.03.2021, шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бино ба даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати олирутба 29-30 марти соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти олирутбаи он кишвар дидор ва мулоқот карданд.
Тарафҳо
бо дарназардошти муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи байни ду кишвари ҳамсоя, муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, ки омили муассири тавсеаи равобити ду давлат мебошанд,
бо таъкид ба зарурати истифодаи имкониятҳои густардаи ҳамкориҳо ва зарфиятҳои мукаммали ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва фарҳанг ва
бо пуштибонӣ аз рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла байни ниҳодҳои бахши хусусии ду кишвар ба мувофиқати зайл расиданд:
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо такя ба робитаҳои дӯстонаи анъанавӣ зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун изҳор медоранд. Ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки заминаи ҳуқуқии робитаҳои дуҷонибаро мустаҳкам намуда, онро бо воқеияти нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ созанд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид карданд, ки таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ду кишвар ба манфиатҳои халқҳои онҳо, инчунин ба ҳадафҳои ҳифзи сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ, фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобила ҷавобгӯ мебошад;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориро мутобиқи принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлол, тамомияти арзӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, баробарӣ, манфиатҳои тарафайн ва дигар меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда идома ва инкишоф медиҳанд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба рушди робитаҳои байнипарлумонӣ мусоидат намуда, робитаҳо ва ҳамкориҳоро дар ҳама сатҳҳо байни мақомоти иҷроия, аз ҷумла дар сатҳи баргузории машваратҳои мунтазами сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва табодули ҳайатҳо байни ташкилотҳои ҷамъиятии ду кишвар таъкид карданд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ мусоидат намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илм, маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ дастгирӣ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимии шаҳрвандони Афғонистонро дар муассисаҳои таълими касбии олии Тоҷикистон итминон медиҳад.
Ду кишвар ҳамчунин ба робитаҳои мустақими байни корхонаҳо ва ташкилотҳо дар сатҳи маҳаллӣ, робитаҳои байни мардум ва таҳкими заминаи ҳуқуқиву меъёрӣ барои ҳавасманд кардани сармоягузорӣ ба таъсиси корхонаҳои муштарак, ба хусус дар мавзеъҳои ҳаммарзи ду кишвар, мусоидат мекунанд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз имзои Барномаи иқдомоти амал (Нақшаи роҳ) дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ истиқбол намуданд;
- Сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон натиҷаҳои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои фарҳангию башардӯстӣ мусбат арзёбӣ намуда, рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва технология, навоварӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзишро ҷонибдорӣ карданд. Дар ин робита, Тарафҳо таҳкими соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд ва таъсиси хатсайрҳои сайёҳиро дар заминаи маконҳои таърихию сайёҳии муштараки ду кишвар муҳим донистанд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба манзури густариши бештари робитаҳо таъсиси Шӯрои доимоамалкунандаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Афғонистонро таҳти сарпарастии палатаҳои савдою саноати ду кишвар, намояндагии он дар минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷ ва Кӯлоб ва дар онҳо таъсис додани марказҳои логистикиро бо сардхонаҳо барои танзими интиқоли молҳои транзитии ду кишвар муҳим мешуморанд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид намуданд, ки баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои марзии миёни ду кишвар дар пояи меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба нафъи густариши иқтисодии ду тараф ва кишварҳои минтақа хоҳад буд; Тарафҳо алоқамандии худро ба рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, зерсохтор ва иртиботот бо таваҷҷуҳи авлавиятнок ба анҷоми татбиқи босамари лоиҳаи CASA-1000 иброз намуданд. Тавофуқ ба даст омад, ки ба татбиқи лоиҳаҳои тавлиди нерӯи барқ ва таъсиси шабакаи минтақавии зерсохтори энергетикӣ мусоидат шавад;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба манзури таъмини рушди устувор ва таҳкими низоми муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии иқтисодӣ ва молиявӣ идома медиҳанд.
Аз ҷумла, Тарафҳо дар тавсеаи робитаҳо ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” ва Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA) бо кишварҳои узв дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини шукуфоии доимӣ дар минтақа саҳм хоҳанд гузошт;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истифодаи долонҳои нақлиётии муштарак ва минтақавиро, ки тавассути онҳо Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо ҳам пайваст хоҳанд шуд, муҳим арзёбӣ намуда, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистону Афғонистонро таъкид карданд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, пулшӯӣ, инчунин ҷиноятҳои марбут ба моликияти зеҳнӣ, ашёи дорои арзиши таърихӣ, бостоншиносӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Тарафҳо инчунин дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар масъалаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ ҳамкорӣ намуда, ҳуқуқи шаҳрвандони худро дар қаламрави ҳамдигар дар рӯҳияи уҳдадориҳои мавҷудаи дуҷониба ва байналмилалӣ таъмин хоҳанд кард;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона истиқбол менамояд;
- Бо дарназардошти он, ки ҳамагирии коронавируси нав ба мушкили ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгирии қавии худро ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва нақши ҳамоҳангсози он дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо ин беморӣ изҳор карданд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот ҷонибдорӣ менамояд. Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати Толибон ҳамаҷониба истиқбол мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид карданд, ки роҳи ягонаи муассири ҳалли мушкилот муколамаи байниафғонӣ мебошад. Ҷонибҳо ҳамчунин таъмини сулҳ ва субот дар Афғонистонро барои суботи минтақа муҳим донистанд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омодагии худро барои ҳамкориҳои густарда дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ эълом дошта, бо табодули назарҳои пайваста роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳим мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг хоҳанд кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон узвияти Афғонистонро дар Созмони ҳамкории Шанхай дастгирӣ мекунад.
Дар ин росто, Тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки аз номзадиҳои ҳамдигар барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2028-2029 (Тоҷикистон) ва солҳои 2033-2034 (Афғонистон) пуштибонӣ мекунанд;
- Сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо ёдоварӣ аз таъсиси робитаҳои дипломатии ду кишвар дар соли 1992 изҳор доштанд, ки дар давоми 29 соли барқарор будани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар Тарафҳо дар таҳкими алоқаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гардиданд. Мувофиқат гардид, ки 30-юмин солгарди робитаҳои дипломатии ду кишвар дар Душанбе ва Кобул бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Дар поёни сафар Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зимни ибрози хушнудӣ аз натиҷаҳои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва изҳори ташаккур аз меҳмоннавозӣ ва пазироии гарми давлат ва миллати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват ба амал овард. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд. Таърихи боздид аз тариқи роҳҳои дипломатӣ муайян хоҳад гардид.
Ин Эъломия иборат аз шонздаҳ банд дар таърихи 29 марти соли 2021 мелодӣ баробар ба 9 ҳамали соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ дар шаҳри Душанбе дар ду нусха ба забонҳои тоҷикӣ ва дарӣ, ки эътибори яксон доранд, ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
|
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ |