Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлобро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ба номи Худоёр Раҷабовро, ки баъд аз таъмиру навсозии пурра омода гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ соли 2004 бунёд ва ба истифода дода шуда буд, вале бо гузашти вақт ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо намуд.
Корҳои навсозӣ бо саҳмгузории оилаи Ҷобирзодаҳо ва бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар дар муҳлати кутоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Акнун дар муассисаи навсозишуда 2600 хонанда дар ду баст бо шароити ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Дар муассисаи навсозишуда 93 омӯзгор ва 26 корманди техникӣ бо кор ба кор ҷалб шудаанд.
Муассиса дорои 50 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошад.
Ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи тиббӣ ва толори маҷлис бо 100 курсӣ ҳам ба шароити муосири таълим ва кору фаъолият мутобиқ гардонида шудааст.
Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ низ, ки дар муассиса навсозӣ шудааст, барои машқу тамрини футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмот ва умуман ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Майдончаи варзишии таъмиргардида ҳам аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд дода, ба соҳибкороне, ки дар ободонӣ ва навсозии мактаб саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд. Ин иқдомро намунаи равшани саҳмгузории соҳибкорон дар рушди соҳаи маориф ва ободонии Ватан арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия бояд дар мадди аввал сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.
Навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ба номи Худоёр Раҷабов дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи маориф ба шумор меравад.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






