Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор дода, бо шароити он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пудратчии сохтмон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилафрӯз дар муҳлати қариб 5 сол бо ҷалби 45 коргари маҳаллӣ сохта шудааст.
Тибқи лоиҳа дар бинои навсохт шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Раёсат, маркази рақамикунонӣ ва инноватсионии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, маҷлисгоҳ бо 110 курсӣ, 25 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири техникӣ, озмоишгоҳ, китобхона, меҳмонхона бо 6 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ таъмин ҳастанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёди чунин иншооти замонавиро дар маркази шаҳри Кӯлоб барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки барои анҷоми босифати корҳои назоратӣ, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар бомпӯши бинои навсохти соҳаи ҳифзи муҳити зист панелҳои офтобӣ бо иқтидори 36 килловатт насб карда шудааст, ки тамоми фасли сол биноро бо неруи барқи доимӣ таъмин мекунад.
То ин вақт кормандони Раёсат дар бинои солҳои 50-уми асри гузашта бунёдшуда, фаъолият мекарданд, ки шароити кории он ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд.
Бо ифтитоҳи иншооти нав корманди Раёсат, ки наздики 50 нафарро ташкил медиҳад, фаъолиятро дар бинои муосиру дорои шароити хуби корӣ идома дода, донишу малакаи худро дар рушди соҳа сарф менамоянд.
Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Роҳбари давлат барномаҳои нави самти рақамикунонии соҳа, ки дар доираи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030) аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ шудааст, муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки таҳияи шакли нави барномаҳои Назорат, Экомеп, Маркази тамос, Дидбонгоҳи отмосферӣ ва Рақамикунонии замини Тоҷикистон бо зеҳни сунъӣ, сифати корҳои назоратӣ ва сатҳи хизматрасониро ба мутахассисону шаҳрвандон ба маротиб осон намудааст.
Бо барномаи электронии Назорат нозир ва ё масъулини дахлдор имкон пайдо мекунанд, ки ҳангоми ошкор шудани қонуншиканиҳои экологӣ, маҳалли воқеъшавии ҳодисаро тавассути геолокатсия муайян намуда, маълумоти лозимаро дар шакли электронӣ сабт ва протоколи электронӣ таҳия намояд.
Барномаи Экомеп бошад, чун пойгоҳи ягонаи маълумоти экологӣ хизмат намуда, маълумоти муҳими соҳаро дар шакли муназзам ва рақамӣ муттаҳид месозад.
Ҳоло фаъолияти Маркази тамос бо рақами кӯтоҳи 2122 ба роҳ монда шуда, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он аз ҳолатҳои эҳтимолии вайрон гардидани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист хабар дода, муроҷиатҳои худро пешниҳод намоянд.
Ин иқдом қадами муҳими самти рақамикунонии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист буда, барои такмили низоми идоракунии иттилооти экологӣ, баланд бардоштани шаффофият ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд






