ГАРДИШЕ ДАР РӮҲУ ҶОНИ ОДАМОН. Пайки шукуфоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат- Наврӯз фаро мерасад!
ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯз дар тӯли таърих на фақат нопадид нагашт ва то ба замони мо омада расид, балки минбаъд низ миёни халқу кишварҳои ҳамсоя нуфузу густариш пайдо кард. Ҷаҳонӣ шудани он аз тамаддуни бою ғании қавмҳои ориёӣ сарчашма гирифта, он имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо номи зебои тоҷикӣ- Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, ки албатта, мояи ифтихори мардуми ориёӣ мебошад.
Чунин изҳори назар намуд оид ба ин ҷашни ниёгони мо сармутахассиси шуъбаи матбуоти дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Турахонзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Масалан, дар Афғонистон 21 март, Эрон аз 20 то 23 март, Озарбойҷон аз 20 то 26 март, Қазоқистон аз 21 то 24 март, Туркманистон аз 20 то 23 март, Қирғизистон ва Ӯзбекистон 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) аз 20 то 23 март ва дар Косово 21 март рӯзҳои истироҳат маҳсуб мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 20 то 24 март таҷлил мегардад.
Бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз — ин соли нав, рӯзи нахустини омадани баҳор, айёми шукуфтану дамидани гулу сабза ва шодиву сурур, аз хоб бедор шудани табиати муъҷизакор, оғози кишту кори баҳорӣ ва яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин иди миллии халқҳои Машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон иброз намуда буданд, ки “Наврӯз аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, бо мурури замон ба иди халқӣ мубаддал шудааст. Халқи мо беҳтарин орзуву умеди худро, қабл аз ҳама, бо Наврӯз, яъне Соли нави анъанавии аҷдодии хеш пайванд медиҳад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат буда, гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меорад”.
Ба андешаи Дилшод Турахонзода, Наврӯз ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим, дар даврони Каюмарс ва Ҷамшед ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ- якуми фарвардин мувофиқ ба 21 марти солшумории мелодӣ ҳамчун иди халқӣ, иди баҳор, ҷашни гул, иди зироат ва меҳнат ба вуҷуд омада, то ба замони мо омада расидааст.
“Наврӯзро ҳар сол пиру ҷавони кишвари азизамон бо дили шоду чеҳраи хандон ҷашн мегиранд. Наврӯз ба ҳар хонадони мардуми тоҷик ва ҳамзабонони хориҷиамон шодиву сурур бахшида, муждаи омадани баҳор, сар шудани мавсими кишту кор ва зинда гардидани табиатро мерасонад”,-зикр намуд Дилшод Турахонзода.
Ҳанӯз ҳазор сол қабл Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз зебоиҳои баҳору Наврӯз ба ваҷд омада, навишта буд:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,
Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Олимону шоирон, тазкиранависон ва муаррихони асрҳои гузашта, аз ҷумла Мӯсо ибни Исо ал-Кисравӣ дар асри 1Х, таърихшиноси тоҷик Абӯбакр Муҳаммади Нархашӣ дар асри Х, олими машҳур Абӯрайҳони Берунӣ, инчунин дар асри Х1 шоир ва файласуф Умари Хайём дар “Наврӯзнома” ном асари худ дар бораи ҷашни мардумӣ ва ба кишоварзию зироаткорӣ вобаста будани ин ид ишораҳои зиёде кардаанд. Шоирони гузаштаи тоҷику форс Наврӯзро ҳамчун рӯзи нахустини муждаи баҳор, айёми шукуфтану дамидани гулу сабза ва шодиву сурур, мавсими аз хоб бедор шудани табиати мӯъҷизакор тасвир намуда, инчунин дар васфи вазиши боди форами наврӯзӣ, ки ба ҷисму ҷони одам ҳаловати тоза мебахшад, даҳҳо ашъори дилчаспу рӯҳафзо эҷод намудаанд. Масалан, шоири мумтоз ва файласуф Умари Хайём чунин мегӯяд:
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафурӯз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.
Ҳамзамон бо фараҳ чаҳ-чаҳ задани булбулонро устоди ғазал Камоли Хуҷандӣ чунин васф менамояд:
Бод гулрез шуду бар сари гул жола чакид,
Об дар ҷӯю зи пероҳани ҷӯ сабза дамид….
Бод сӯи чаман омад, ки диҳад мужда, ки боз
Гул ба бӯстону ба гул меваи мақсуд расид…
Шоир ва мутафаккири равшанзамир Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд:
Биё, ки шоҳиди бӯстон зи рух ниқоб андохт,
Насим дар сари зулфи бунафша тоб андохт.
Сабо шамими гулу бӯи ёри гулрух дод,
Марову мурғи чаманро дар изтироб андохт…
Ҳамин тавр бисёр бузургони адабиёти гузаштаи тоҷику форс дар васфи иди Наврӯз қасидаву ғазалсароӣ карда, қитъаю рубоиҳои ҳаяҷонбахш гуфтаанд.
Ҳамсуҳбати мо инчунин иброз кард, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз халқи тоҷик як таомули омӯзанда дорад, ки хонаю кошонаи худро тозаю озода намуда, дастархони идонаи ҳафт сину ҳафт шин ороста мекунанд. Маводи ғизоӣ, хӯрокҳои миллӣ мегузоранд ва Наврӯзро бо хурсандии бузург пешвоз мегиранд. Мардуми тоҷик дар рӯзи Наврӯз хушу хурсандона либосҳои тоза пӯшида, ба сайру тамошо мебароянд ва ба якдигар дар соли нав бахту иқболи нав орзу мекунанд. Бачаҳо дар майдонҳо оташ афрӯхта, аз болои он ин тарафу он тараф меҷаҳиданд.
Тоҷикон анъанаҳои хуби дигарро аз замонҳои қадим нигоҳ дошта меоянд, ки онҳо барои солиму бардам ва чусту чолок тарбия ёфтани одам аҳамияти калон дорад. Дар идҳои халқӣ гӯштингирӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, шоҳмотбозӣ доир мекунанд, ки ин ҳама намудҳои қадимии варзишӣ мебошанд ва ҳангоми ҷашн гирифтани иди Наврӯз ин бозиҳо бо шавқу завқи тамоман дигар барпо карда мешаванд.
Ғайр аз ин дар байни шоирон мушоираҳо, дар байни ҳофизони халқӣ озмунҳои сурудхонӣ, дар байни навозандагон озмунҳои мусиқавӣ, дар байни олимон баҳсу мунозира ва муҳокимаҳои илмӣ барпо мегардиданд, ки инҳо ҳам анъанаҳои халқӣ ҳисоб мешуданд ва ба ин восита соҳаҳои гуногуни илм, санъат ва адабиёт тараққӣ ва такомул меёфтанд. Ин анъанаҳо ҳоло ҳам бардавоманд, вале акнун шакл ва мазмунҳои нав ба худ гирифтаанд.
Умари Хайём дар бораи ҳикмати ҷашни Наврӯз бисёр хуб мефармояд: “Ҳар ки рӯзи Наврӯзро ҷашн кунад ва бо хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад”. Поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар як таронаи зебои баҳорӣ чунин овардааст:
Айёми баҳору бомдодӣ,
Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ.
Дар ҷониби марғзор бинӣ,
Ҳар сӯ гулу лолазор бинӣ.
Ҳаст оби равон равон ба ҳар сӯй,
Сабз аст зи сабзаҳо лаби ҷӯй.
Аз бӯи гулу гиёҳи навхез,
Боди саҳарист анбаромез.
Навхоста сабза, гул шукуфта,
Наргис вале ҳанӯз хуфта.
Гул хурраму барги ток хуррам,
Аз сабза тамоми хок хуррам.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»