«ХУШБАХТ ҲАМОН ХОНА, КИ МОДАР ДОРАД…». Ба Рӯзи Модар бахшида мешавад

Март 7, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 07.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории зан-модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад.

Ба гуфтаи олимон, зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва  неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Камол НАСРУЛЛО ба истиқболи Рӯзи Модар чанд пора  шеъри дар ситоиши  зан –модар иншонамудаи худро манзур менамояд.

ҲУСНИ ИСТИҚЛОЛ

Файзи дунё дар фаросӯи зан аст,

Ҳусни Истиқлол дар рӯи зан аст.

Аз ҳама волотарин тахти ҷаҳон

Дар бари модар, ба паҳлӯи зан аст.

Зиндагӣ шодоб агар имрӯз шуд,

Аз насими поки сарҷӯи зан аст.

Осмони беғубори зиндагӣ

Аз сафои поки менӯи зан аст.

Мо ҳама  мадюни заҳматҳои ӯ,

Зиндагӣ подор бо бӯи зан аст.

Қалъаи амнияти подори мо,

Ман аминам, дар сари кӯйи зан аст.

Зан сари болову пирӯзии мост,

Рӯйи ҳастӣ рӯйи хушрӯи зан аст.

 РӮИ НОНИ МОДАР                       

Бубинам рӯйи сурхи одамонро

Ман аз сурхии рӯйи нони модар,

Кунам эҳсос ман гармии ҷонро

Зи гармиҳои бӯи нони модар.

Бипурсандам агар: Рӯи Ватан чист?

Бигӯям: Рӯи нони модари ман!

Бипурсандам агар: Бӯи Ватан чист?

Бигӯям: Бӯи нони модари ман!

РУБОӢ, ДУБАЙТӢ, ҚИТЪА

Чун ҷони ту  дард кард, модар гӯӣ.—

Дар мушкилу дар набард модар гӯӣ.

Дар базму тараб надорӣ ёд аз модар,

Дар ҳаҷр ба рӯи зард модар гӯӣ.

***

Нест гар модар, ягон фар нест, нест.—

Зиндагӣ  арзанда дигар нест, нест.

Ҳадяе волотар андар ин ҷаҳон

Аз табассумҳои модар нест, нест.

***

Ғайрати ман, зӯри ман, тамкини ман — модар.—

Зиндагии дилкашу ширини ман — модар.

Муттакои ҷони ман, виҷдони ман, армони ман,

Эътимоду мазҳаби  ман, дини ман, модар!

***

Меҳри модар бо ҳазорон ранг резад бар сарам,—

Гар бирезад ашки модар, нанг резад бар сарам.

Гар бирезад ашки модар, ҳайфи дунё, ҳайфи ман,

Санг резад, санг резад, санг резад бар сарам.

***

Раҳкушои ман дили огоҳи модар буд,—

Равшанибахшам  рухи чун моҳи модар буд.

Нимаи шабҳо балогардони ҷони ман

Оҳи модар, оҳи модар, оҳи модар буд.

***

Маро модар ба сар аз шамсу қамар буд,

Ҳама шому саҳар болои сар буд.

Падар модар натонад буд ҳаргиз,

Вале модар тавонад ҳам падар буд.

***

Касе монанди модар сахтҷон нест.

Касе бораш чу бори ӯ гарон нест.

Бидонӣ ҳеҷ  овое дар ин даҳр

Баланд аз набзи қалби модарон нест.

***

Наӣ огаҳ зи ҷони реши модар.

Чаро бегонаӣ аз кеши модар?

Чу  хушвақтӣ, равӣ сӯи рафиқон,

Чу  бадбахтӣ, биёӣ пеши модар.

***

Хушбахт ҳамон хона, ки модар дорад,

Файзу фараҳу нишоти дигар дорад.

Дарҳои сафо ҳамеша бозанд дар он,

Модар дорад, умеду бовар дорад.

***

Дар хеш ту нуҳ моҳ медоштиям!

Се сол зи рӯйи даст нагзоштиям!

З-он баъд, ки ман равон шудам, модари ҷон,

Пешораҳи ман умед мекоштиям!

***

Чун номи Худо дар лаби тифлон, модар!

Чун  дасти раҳо аз чаҳу зиндон, модар!

Он гаҳ ки барояд аз лабат ҷон берун,

Ояд ба лаби ту боз чун ҷон:  -Модар..!

***

Он яке як кохи мубрам офарад,

Дигаре қасре муназзам офарад,

Модар андар ду саду ҳаштод рӯз

Аз матои ишқ одам офарад.

***

Байни мову дард сарҳад модар аст,

Ҷавшани мо аз ҳама бад модар аст.

Аз ҳама волотарин арзиш, ки ту

Ҷон ба он бахшӣ, биарзад, модар аст.

***

Вожаи сеҳрофаринам модар аст,

Раҳнамои  озаринам модар аст.

Аввалин ҳарфам, ки модар будааст

Боз ҳарфи охиринам модар аст.

Март 7, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид