Иҷрокунандаи вазифаи сардори полиси яке аз ноҳияҳои вилояти Ғазнии Афғонистон кушта шуд

Март 9, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бар асари таркиши минаи канори роҳ иҷрокунандаи вазифаи сардори полиси ноҳияи Деҳяки вилояти Ғазнии Афғонистон Абдураҳмон Фотеҳ кушта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюc» бо истинод ба манобеи маҳаллӣ гузориш дод.

Ҳодисаи замоне, рух дод, ки Абдураҳмон Фотеҳ ва дигар неруҳои амниятӣ барои таъминоти неруҳои маҳаллӣ мерафтанд ва мошини ӯ ба минаи канори роҳ бархӯрд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш дигар кормандони неруҳои амниятӣ маҷруҳ нашудаанд.

Мақомоти маҳаллӣ то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти ин таркишро бар ӯҳда нагирифтааст.

Март 9, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид