Имрӯз дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар даври ҷумҳуриявии Фестивали «Чакомаи гесӯ» ҷамъбаст гардид

Март 6, 2021 12:38

ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар  толори Филармонияи  давлатии  Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  бахшида ба Рӯзи Модар, 30-солагии  Истиқлоли  давлатии мамлакат ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Фестивали  «Чакомаи гесӯ» ҷамъбаст гардид. Аз миёни 42 нафар духтарони мӯйдароз ба 13 нафари он, ки дарозии мӯйҳояшон аз 1,50 см то 1,90 см-ро ташкил медод,  бо Сипоснома ва маблағи ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин барои иштироки фаъолона ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии занону духтарон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, Турсунзода,  Ваҳдат ва ноҳияи Рашту  Тоҷикобод  ҳазор сомонигӣ маблағ ва Диплому Сипосномаҳо тақдим гардиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ иттилоъ медиҳад, дар фестивали мазкур муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумитаи телевизон ва радио Нуриддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва роҳбарону намояндагони минтақаҳои гуногуни мамлакат, иштирокчиёни фаъоли даврҳои вилоятию шаҳрии озмун иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён зимни ифтитоҳи фестивал иброз намуд, ки «ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъана ва суннатҳои ниёгон симпозиум, фестивал ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мегарданд. Дар доираи онҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа расму оин, анъанаҳои гузаштагон ва маҳсули дасти ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Фестивали «Чакомаи гесӯ» аз ҷумлаи ин барномаҳост, ки бо мақсади бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ дар замири занон дар мамлакат баргузор мегардад. Яъне, ҳадафи асосии он на танҳо доштани гесӯвони дароз, балки баланд бардоштани завқи бонувон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарастиву хурофот ва пос доштани арзишҳои миллӣ мебошад».

Ҳадафи баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги тоҷик, муаррифии анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ, аз қабили мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва ба ин васила рӯйи кор омадани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозию оинасозӣ, кошонаҳои ҳусн ва талқини зебоипарастӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то фарҳанг ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ карда шуда, пойдор бимонанд. Маҳз бо  доир кардани чунин тадбирҳо, аз ҷумла Фестивали-озмуни «Чакомаи гесӯ» метавон гуфт, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик бештар ба самти зебоипарастиву дароз кардани гесӯвони худ рӯ овардаанд. Ин равандро метавон як навъ арҷгузорию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ номид.

Ҳамчунин баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиш ва пардози рӯю мӯй вобаста ба  анъанаи ин ё он маҳал, муаррифии санъати асили шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ кашф шуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд.

Бояд гуфт, ки ҳусни зан низ  мисли чаҳор  унсури олам ҷузъиёти худро дорад. Доштани мӯйи зебо, чеҳраи нафис, нигоҳи ҷаззоб ва дандонҳои садафосо аз ҷумлаи ин унсурҳо мебошанд. Зеро доштани мӯйҳои дарозу зебо  ороёфта ба занони тоҷик ҳусну ҷамоли дигар зам мекунад.

Доштани мӯйи дароз ҳамчун рамзи зебоии зани тоҷик миёни дигар халқҳои минтақа шӯҳрат дошта, аз даврони пеш то имрӯз омада расидааст. Дар тӯли таърих дар байни тоҷикон шаклу намудҳои гуногуни гесӯбофӣ вуҷуд доштанд. Интихоби тарзҳои гесӯбофӣ ба хусусият, ранг ва зичии мӯй, инчунин ба синну соли духтарону занон вобаста буд. Занҳои тоҷик гесӯро ба шакли кокулча, ростак, дукокул, себар, якқабата, дуқабата, чилкокул, хомбофт, пухтабофт, панҷак ва ғайра мебофтанд.  Духтарон баъзан мӯйи худро майдабофӣ мекунанд, ки он дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чиллик, панҷак, чилчура, чилкокул, панҷара ном дорад. Дар саросари Тоҷикистон занҳо ба мӯяшон гесӯҳо (миллаҳо)-и сунъӣ — пӯпак, печак, парчам ё ҷамолак мебофанд. Чунин гесӯҳо (кокулҳо)-и сунъӣ дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ бо номҳои пучабанд, чура, шода, кужик ва дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон бештар бо номи ҷамолак машҳуранд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, инкишофи мӯйи сар ин раванди доимии занҷиравӣ мебошад. Аммо ба кори сабзиши он омилҳои гуногун- чӣ берунӣ ва чӣ дохилӣ низ метавонанд таъсир расонанд. Аз ҷумла, зиёд асабонӣ шудан, гирифторшавӣ ба фишорҳои равонӣ, нодурустии кори ҳормонҳо дар организм ва истеъмоли нодурусти ҳар гуна ғизоҳо омилҳое мебошанд, ки сабаби инкишофи сусти мӯй мегарданд. Танҳо ба воситаи хӯрдани ғизои солим ва нигоҳубини дуруст метавон афзоиши онро зиёд намуда, бо доштани мӯйҳои дароз хушҳолӣ намоӣ.

Ёдовар мешавем, ки 5 ноябри соли 2010 дар Кохи «Борбад»-и пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардида буд.

Март 6, 2021 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд