ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ СИЛ. Дар Тоҷикистон барои ташхису табобати ин беморӣ заминаи моддиву техникӣ пурра мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторшавӣ ба бемории сил рӯ ба пастшавӣ дорад. Агар даҳ сол пеш беморшавӣ ба бемории сил ба 78,5 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меомад, ҳоло гирифторшавӣ ба бемории сил дар сатҳи ҷумҳурӣ 40,5 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд. Фавт аз ин беморӣ 1,4 нишондод мебошад. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин РАҶАБЗОДА баён дошт.
Ба зикри Аслиддин Раҷабзода, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии аҳолӣ аз бемории сил, коҳиш додани шумораи беморон ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани онҳо корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
«Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бевосита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 3 барнома оид ба бемории сил амалӣ гардид. Айни замон аз тарафи Ҳукумати мамлакат барномаи нави ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025 ба имзо расидааст.
Яке аз роҳҳои беҳтари коҳиш додани бемории сил- ин баланд бардоштани савияи огоҳии аҳолӣ дар бораи паҳншавии ин беморӣ ва кӯшишҳои вобаста ба нобудсозӣ, усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо он мебошад. Чуноне ки маълум аст, бемории сил дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои муҳими фаъолияти тамоми низоми тандурустии кишвар мебошад. Аз ин рӯ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратҳо гузаронида мешаванд»,-изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ заминаи моддиву ташхисӣ пурзӯр карда шуда, тамоми гирифторони бемории сил сари вақт дарёфт ва ба табобат фаро гирифта мешаванд. Тоҷикистон бо тамоми намудҳои доруҳои зиддисилӣ таъмин буда, барои табобати беморони сил имрӯз ягон мушкилӣ мавҷуд нест. Ҳар як бемор метавонад, ки сари вақт дар ҷойҳои истиқомати худ ба маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муроҷиат намуда, бо доруҳои зиддисилӣ тариқи ройгон таъмин гардад.
«Барои сари вақт дарёфт намудани бемории сил ва ба табобати саривақтӣ фаро гирифтан бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ҷумҳурӣ таҷҳизоти муосир ва дорувориҳои зиддисилӣ ворид карда шудаанд. Ҳоло шумораи ин гуна таҷҳизот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 56 адад расида, ба аҳолӣ хизмат менамоянд. Имрӯз мо дар мамлакат метавонем беморони сил ва ҳассосияти чубчамикроби силро ба доруҳои асосии зиддисилӣ дар муддати 2 соат муайян намоем. Ҳол он ки солҳои пеш соҳа дар мавриди ташхису табобат, аз ҷумла барои муайян кардани ҳассосияти доруҳои силӣ ба чӯбчамикроби бемории сил ба мушкилиҳо дучор мешуд. Он вақтҳо ба мо зиёда аз 2 моҳ лозим буд, ки бемориро муайян намоем ва ин ба табобати саривақтӣ фаро грифтани бемор мушкилӣ эҷод менамуд. Аз соли 2016 доруҳои қатори якум пурра аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доруҳои қатори дуввум аз ҳисоби шарикони рушд харидорӣ карда мешаванд. Ҳоло дар мамлакат барои ҳама намуди бемории сил доруҳои зиддисилӣ ба таври ройгон дастрас карда шуда, он ба таври кофӣ захира шудааст»,- зикр намуд директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон дарёфт ва бақайдгирии шаклҳои гуногуни мутобиқгаштаи бемории сил ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 27 давлате, ки нишондиҳандаҳои баланди шакли мутобиқгаштаи сил доранд, дохил мебошад.
Реҷаи табобати шаклҳои мутобиқгаштаи сил маблағи зиёд талаб менамояд. Аз ин рӯ ба гуфтаи мутахассисони соҳаи сил, зимни табобат дар баробари кормандони соҳаи тиб, инчунин саҳми худи беморони сил, аъзои оилаҳои онҳо баҳри муваффақона ба анҷом расонидани табобат назаррас мебошад, то бемор то охирин лаҳзаҳо табобатро идома дода, пурра аз ин беморӣ шифо ёбад.
Тавре мутахассиси соҳаи сил, профессор Умринисо Сироҷиддинова зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, муҳлати табобати бемории сил аз 6 то 8 моҳро дар бар мегирад, ки бо истифода аз якчанд доруҳои маҷмӯии зиддисилӣ бемор ба табобат фаро гирифта мешавад. Дар ин муҳлат риояи дурусти доруҳо имкон медиҳад, ки бемор шифо ёбад.
«Ҳар як бемор бояд таҳти назорати табиб ё шахси масъул бошад, то доруҳоро сари вақт истеъмол кунад. Агар бемор беаҳамиятӣ карда, дар вақташ доруҳои тавсияшударо истеъмол накунад ва ё аз истифодаи дору даст кашад, бемории ӯ дубора хурӯҷ мекунад. Ин бор доруҳое, ки тавсия шуда буданд, дигар ба организми ӯ таъсир расонида наметавонанд. Дар ин ҳолат шахси бемор ба намуди дигари ин маризӣ-шакли мутобиқгаштаи сил мубтало мешавад, ки муҳлати табобати он вақти тӯлониро дар бар мегирад», — зикр намуд профессор У.Сироҷиддинова.
Ба гуфтаи мавсуф, бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст, агар сари вақт беморӣ ташхис шуда, таъйиноти дурусти он ба роҳ монда шавад. Ин беморӣ асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва дигар системаҳои организми инсон таъсир мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтори зиддисилии мамлакат аз 66 маркази зиддисилии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 4 маркази вилоятӣ ва 1 Маркази ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, инчунин 4 беморхонаи зиддисилии вилоятӣ, 1 беморхонаи байниноҳиявӣ дар н. Восеъ, 1 беморхонаи кумаки таскинӣ ва 24 шуъбаи зиддисилӣ дар назди марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иборат мебошад, ки онҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сулфаи бардавом, балғампартоӣ, баландшавии ҳарорат дар қисмати дуюми рӯз ва пайдошавии дарди қафаси сина аз нишонаҳои оғози бемории сил дар бадани инсон дарак медиҳанд. Баъди мушоҳидаи чунин нишонаҳо шахс бояд ҳатман барои ташхис ба табиб муроҷиат намояд.
Нафари гирифтори бемории сили шушӣ ҳангоми атсазанӣ, сулфидан ва суҳбат кардан чӯбчамикробҳои кохро ба муҳит пош медиҳад ва онро нафарони дигар нафас кашида, сироят меёбанд. Аз ҳама зиёд паҳншавии ин беморӣ бо роҳи нафасгирии ҳавои олуда сурат мегирад. Дар ҳолати паст будани иммунитет ин чӯбчамикробҳо сабаби ҷойгиршавӣ дар бадани шахс мегарданд. Ба ҳамин хотир бемории сили шушӣ то 80% мушоҳида мешавад ва 20 %-и дигари онро бемории сили ғайришушӣ ташкил медиҳад. Яъне бемории сили шушӣ хавфи зиёди сироят кардани атрофиёнро дорад, вале он табобатшаванда мебошанд. Танҳо дар сурати сари вақт ба табибони силшинос муроҷиат кардану аз паи табобат шудан гирифторони ин беморӣ метавонанд хатари афзоиши онро кам намоянд.
Ба зикри Аслиддин Раҷабзода, мушкилии ҷиддие, ки дар ин самт ҷой дорад-ин пинҳон доштани беморӣ аз ҷониби маризон мебошад. Ин омил метавонад сабаби афзоиши беморӣ гардад. Яке аз вазифаҳои муҳим дар самти тандурустӣ дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои рушди устувор дар он ифода меёбад, ки то соли 2030 ба сирояти бемории сил хотима дода шавад. Дар робита ба ин Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2035 ба коҳиши шумораи фавти одамон аз бемории сил то 95% ва паст кардани сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ то 90% даст ёбад. Ин метавонад сатҳи гирифторӣ ба ин бемориро миёни мардум коҳиш диҳад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»