Дар Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Анас Аврупо-Осиё» корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ бунёд гардид

Март 31, 2021 09:42

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикситон дар пойтахти малакат-шаҳри Душанбе аз ҷониби  ҶДММ «Анас Аврупо-Осиё» корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он 46 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иштирок намуда, зикр кард, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт корхонаҳои гуногун ба истифода дода мешаванд, ки дар онҳо барои кору фаъолияти занону духтарон шароити мусоид фароҳам  меоранд.

Корхонаи мазкур бо шароитҳои замони муосир таъмин буда, дар он мутахасисони ботаҷриба фаъолият мекунанд.

Тибқи иттилои масъулин, коргоҳи мазкур маҳсулоти худро на танҳо дар ҳудуди пойтахт, балки берун аз он низ тибқи фармоиши муштариён пешниҳод менамояд. Солҳои охир бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ карда шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  мебошад. ҶДММ «Анас-Аврупо-Осиё» ҳам бо ҳамин мақсад бунёд шуда, барои бо маҳсулоти хушсифати қаннодӣ таъмин кардани сокинони шаҳри Душанбе ва берун аз он замина мегузорад.

Март 31, 2021 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони гуногункасби пойтахт баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд