Кадбонуҳои шаҳраки Шарора соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар Ҳисор гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор даври дуюми шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он кадбунуҳои ғолиби даври якум аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр иштирок намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ҳисор хабар доданд, тибқи низомномаи озмун, кадбонуҳо намунаи беҳтарини хӯрок ва хӯришҳои миллиро пешкаши ҳакамони озмун намуданд. Онҳо бо хӯрокҳои миллии шакаробу қурутоб, тӯппаву оши бурида, ширкадуву ширбиринҷ, шавла, самбӯсаю чагалдак ва ба ин монанд хӯрданиҳо ҳунармандона хон ороста, ба ҳакамони озмун аз маҳсулоти истифодашуда ва тарзи омода намудани хӯроку хӯришҳо маълумот доданд.
Ҳакамон ҷараёни омодасозии хӯрокро мушоҳида намуда, ба тозагии ашёву суфра, либос ва услуби баёну тозагии забони кадбонуҳо ҳангоми муаррифии хӯрокҳо, ҳамчунин меҳру муҳаббати кадбонуҳо ҳангоми пухтупаз, истифода аз алафҳои табиию табобатии баҳорӣ таваҷҷуҳ намуда, баҳо гузоштанд.
Дар озмун ҳунарҳои дӯзандагии дастии иштирокчиён низ ба инобат гирифта шуд. Муайян гардид, ки кадбонуҳои ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба озмун бо омодагии хуб ҳозир гардидаанд. Яке бо хӯроки лазизу серғизо, дигаре хӯриши назаррабову хушмазза, сеюмӣ бо тарзи омодасозии зувола барои оши бурида ва баъдӣ бо тарзу услуби муаррифӣ боиси эътирофу қаноатмандӣ ва сазовори баҳои баланди ҳакамон гаштанд.
Кадбонуҳо аз ҷамоати шаҳраки Шарора намунаи хӯрок ва хӯришҳои қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин хӯрокҳои кайҳо аз ёдҳо фаромӯшгаштаи миллиро рӯи суфра ба намоиш гузошта, бартарӣ нишон доданд ва соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.
Муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода ба иштирокчиёни озмун арзи сипос ва ба ғолибон туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Дар ҷамъбаст бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанг базми шеъру тарона доир гардид.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






