Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз 1 март барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ» курси бозомӯзӣ гузаронида шуд, ки 6 март анҷом ёфт.
6 март иштирокчиёни курси мазкур рӯзи навро бо шинонидани дарахтони сояафкан ва ороишӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оғоз намуданд.
Тибқи барномаи курси мазкур, давоми рӯз натиҷагирӣ, вазифагузорӣ ва супоридани сертификат ба иштирокчиёни курс — раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардид.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иштирокчиён ва кулли аъзои ҳизбро даъват намуд, ки ба давлату миллат поквиҷдонаву садоқатмандона хизмат намуда, муқаддасоту марзу бумро ҳифз кунанд ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд. “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқӣ буда, доимо дар бари мардум мебошад. Аз ин рӯ, мову шуморо зарур аст, ки ба боварии халқ лоиқ бошем ва ҳамеша дар хизмати халқу миллат камари ҳиммат бандем”,-гуфт мавсуф.
Ҳамзамон ба ҳар иштирокчӣ барои бо муваффақият хатм намудани курси бозомӯзӣ, ки ба баланд бардоштани касбият ва донишу малақа равона гардида буд, сертификат супорида шуд.
Курси мазкур бо тамошои Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ҷамъбаст шуд. Зимни боздид аз толорҳои он зикр гардид, ки он бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, аз 5 ошёна иборат мебошад ва қариб 40 ҳазор метри мураббаъи он кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад.
Кохи мазкур ҳамчунин дорои айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга мебошад, ки ба бино шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшанд. 11 толори маҷмаа бо шакли ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, кошинкорӣ аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангороиш истифода бурда шудаанд.
















Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






