Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Шоҳигарии Тайланд эълон намуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Шоҳигарии Тайланд барои таҳсили шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи магистратура ҷудо намудааст. Дар ин бора аз Муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Маълумоти муфассал оид ба барнома, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва рӯйхати ихтисосу донишгоҳҳоро аз сомонаи зерин https://mabourse.enssup.gov.ma/pdf/Annexe_2_Guidelines_for_TIPP.pdf ва аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ метавон дастрас намуд.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро то 13 марти соли 2021 ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) пешниҳод намоянд ё тариқи телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru тамос гиранд.








Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад






