Минаҳои магнитӣ пас аз Афғонистон дар Кашмир нигаронӣ эҷод кардаанд

Март 3, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Минаҳои магнитӣ ё ба гуфтаи омма «часпакӣ», ки ахиран ба бахши асосии хушунатҳо дар Афғонистон табдил ёфтаанд, инчунин сабаби нигаронии неруҳои амниятӣ дар Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Садои Амрико» дар Афғонистон www.darivoa.com.

Мақомоти амниятии Ҳиндустон ба хабаргузории «Ройтерз» гуфтаанд, ки дар ҷараёни амалиёт дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир дар моҳҳои охир шуморе аз минаҳои магнитӣ ба дасти неруҳои амниятӣ афтодааст.

Сардори полиси водии Кашмир Ваҷӣ Кумар, дар робита ба ин гуфтааст, ки: «Ин васоили хурди тарканда ба қадри кофӣ қудратманданд» ва афзудааст, ки мавҷудияти ин минаҳо ба вазъи амниятӣ дар Кашмир таъсиргузор хоҳад буд.

Пайдо шудани минаҳои магнитӣ дар Кашмир, ки 15-тои он моҳи феврал кашф ва мусодира карда шуд, нигарониҳоро дар мавриди густариши ин усул, усуле, ки ба “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар Афғонистон нисбат дода шудаст, дар хусуматҳо байни Ҳиндустон ва Покистон афзоиш додааст.

Тайи моҳҳои охир Афғонистон шоҳиди истифодаи фаровони минаҳои магнитӣ алайҳи неруҳои амниятӣ, додрасҳо, мақомоти давлатӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон гардид.

Март 3, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд