МОДАРОНРО ҲАР ПАНҶААШОН ҲУНАР АСТ. Аз рӯзгори як зани ҳунарманд

Март 6, 2021 12:27

ВАРЗОБ, 06.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунар беҳ аз зар аст ва имрӯз дар Тоҷикистон кӯшиш бар он доранд, ки ҳунармандию касбомӯзӣ, бахусус эҳёи ҳунарҳои қадимӣ бештар ба роҳ монда шавад. Агар маҳсули ҳунари қадимӣ бо диди имрӯза корбаст шавад, он матоъ, ҷома ё ҳар маҳсулоту маснуоти дигари омодашуда дучанд зебо мешавад.

Ин андешаи ҳунарманди мардумӣ Шаҳло Аминова аст. Ӯ ба воситаи оинаи нилгун ва интернет пайваста ҳунарҳои худро сайқал медиҳад.

Шаҳло мегӯяд, ки “ҳунарманд  офаридаи худро бояд мувофиқи пешравии ҷомеа замонавӣ гардонад. Чунки ҷавонони имрӯза мувофиқи замони худ аз дӯхти лобосҳо оғоз намуда, то кӯрпаю болишти арӯсии қуроқӣ ё чодари арӯсии замонавӣ  фармоиш медиҳанд. Дар сурати иҷро намудани хоҳиши фармоишгарон  сафи муштариён зиёд гардида, ҳунарманд бекор намемонад”.

Ҳунар ганҷинаест, ки онро  бо симу зар ва дороӣ иваз кардану харидан номумкин аст. Чунки ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад ва ба зиндагии инсон  зебоӣ мебахшад. Барои шахси  ҳунарманд ҳар дақиқаи умр ғанимат аст ва онро  бамаврид истифода мебараду лаҳзае бе манфиат намегузаронад. Аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро тасхир месозад.

Сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Шаҳло Аминова бо ҳунарҳои волои худ дар зиндагӣ боломақому устоди ботаҷриба ва бузургдилу баобрӯ гардидааст. Ӯ аз хурдӣ ҳунарҳои дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ ва кӯрпадӯзиро дар назди модари меҳрубонаш ёд гирифтааст. Имрӯзҳо ин ҳунарҳои худро ба  фарзандону духтарони ҳамсояҳо ва хешутабору аҳли оилааш меомӯзонад.

Шаҳло Аминова аз он хурсанд аст, ки имрӯзҳо бахшида ба Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандони асил дастгирӣ ёфта,  меҳнати онҳо ба мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он  муаррифӣ мегарданд.

Шаҳло Аминова иброз дошт, ки “ҳунарманди асил бо ҳунари худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунар аст. Барои мисол, имрӯзҳо ман мувофиқи хоҳиши арӯсон ё фармоишгарон аз кӯрпаҳои қуроқдӯзӣ оғоз намуда,  то шерозпочаю либосҳои наварӯсонро дар якҷоягӣ бо келин ва духтаронам медӯзем, ки ин барои оилаи мо дар як моҳ аз 3000  то 4000 сомонӣ фоидаи тоза ба даст меорад.

Ҳамчунин мувофиқи дархости роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳия ҳунарҳои омода намудаамонро дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ба намоиш мегузорем, ки бештари вақт маҳсулоти аз ҳунари қуроқидӯзии омоданамудаамон зуд ба фурӯш меравад”.

Бештари муштариёни Шаҳло Аминова  наварӯсон мебошанд. Онҳо мувофиқи фарҳанги миллии имрӯза бештар кӯрпаю болишт ва матои  дастархони  қуроқӣ фармоиш медиҳанд. Ин ҳунарманди асил мегӯяд, ки ҳунари қуроқдӯзӣ аз матоъпораи гуногун истеъдоди  баланд талаб мекунад. Агар шавқу ҳавас бошад, барои ҳунарманд дӯхтани он  хеле осон аст ва дар муддати як ҳафта ё зиёдтар аз он фармоиши муштариро иҷро менамоӣ.

Раиси Шӯрои занони Ҷамоати деҳоти Чорбоғ  Норгул Холова гуфт, ки “Шаҳло Аминова дар оилаи ҳунарманд тарбия ёфта,  духтару келин  ва фарзандони хешу ҳамсояҳояшро бо истеъдоди омӯзгорияш ба таври ройгон ҳунарманд гардонидааст. Ӯ дар баробари ҳунармандӣ дар корҳои ҷамъиятӣ бо аҳлу оилааш саҳми арзанда мегузорад”.

Шаҳло барои истеъдоди баланди ҳунармандӣ ва саҳм гузоштан дар рушди ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Мақомоти иҷроия ноҳияи Варзоб борҳо бо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудааст.  Имрӯзҳо ҷавонони мо,  махсусан ҷавондухтарон  бояд мисли Шаҳло Аминова  дар баробари илмомӯзӣ касбу ҳунар низ аз худ намоянд, то дар оянда барои пешрафти зиндагияшон кумак кунаду аз он манфиат гиранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

Март 6, 2021 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎