МУБОРАК БОД! Гулсифат Шаҳидӣ беҳтарин нависандаи кӯдакон дар Россия эътироф гардид

Март 24, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамватанони мо  торафт бештар ҷаҳонро тасхир мекунанд.   Дар Москва  озмуни  «Нависандаи сол»  ҷамъбаст гардид, ки дар он яке аз ҷоизаҳоро ҳакамон ба нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ тақдим карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Иттифоқи нависандагони Россия хабар медиҳад.

Дар пойтахти Россия барандагони ҷоизаҳои адабии миллӣ номбар шуданд. Маросими ҷоизасупорӣ дар толори консертии ҳукумати Москва баргузор шуд. Давоми сол асарҳои иштирокчиёни озмун интихоб карда шуданд, ки дар натиҷа 200 нафар шоирон ва 100 нафар  нависандагон аз манотиқи гуногуни Россия, инчунин хориҷаи дур ва наздик ба рӯйхати кӯтоҳ шомил гардиданд.

Шаҳидӣ дар бахши «Адабиёти бачагона» сазовори ҷоиза гардида, дар озмун Душанберо, ки соли 2021 Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудааст, намояндагӣ кард.

Ҳакамон Макс Зимовро аз Москва нависандаи сол номиданд ва ӯро бо ҷоизаи 1 сарфароз гардонданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Александр Валт аз Санкт-Петербург ва Олег Пономарев аз Тула гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷоизаҳо аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Россия бо мақсади дарёфти муаллифони нави боистеъдод, ки метавонанд дар рушди  адабиёти муосири рус саҳм гузоранд, таъсис дода шуданд.


Ҳама барандагони ҷоизаҳо ҳуқуқ пайдо карданд, ки китоби худро аз ҳисоби кумитаи тадорукоти озмун нашр намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Ҷашнвораи IV байналмилалии адабии «Open Eurasia and Central Central Forum Forum & Literature Festival – 2015» Гулсифат Шаҳидӣ аз номи Ассотсиатсияи байналмилалии «Генералҳо барои Сулҳ» барои беҳтарин асар бахшида ба мавзӯи сулх, дустй ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо сазовори медали «Кабӯтари сулҳ» гардид.

Ҳамчунин моҳи марти соли 2016 дар Лондон маросими муаррифии китоби Гулсифат Шаҳидӣ «Шаҳре, ки дар он орзуҳо амалӣ мешаванд» — нахустин асари бо забони русӣ навиштаи муаллиф баргузор шуд. Китоб ба забонҳои русӣ ва англисӣ нашр гардидааст.

Соли 2018 дар пойтахти Британияи Кабир маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ «Афсонаҳои бибии Гулсифат» дар номинатсияи «Беҳтарин муаллиф»-и ҷоизаи адабии «Hertfordshire Press» ғолиб омад. Маросими ҷоизасупорӣ дар бонуфузтарин китобхонаи Англия «British Library» баргузор шуд. Дар ин маросим намояндагони маъруфи зиёиёни  эҷодкори Лондон ва Китобхонаи Британия ширкат варзиданд.

Дар ин маросим инчунин сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масъуд Халифазода, намояндагони сафоратҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон  иштирок намуданд. Маросими ҷоизасупориро узви Ҷамъияти санъати Шоҳигарӣ Дэвид Перри гузаронида, ҷоизаҳоро ношир ва ноиби президенти «Eurasian Creative Guild London» Марат Аҳмадҷонов супурд.

Гулсифат Шаҳидӣ 1 январи соли 1955 дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) дар оилаи иқтисоддонҳо Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо таваллуд шудааст. Падари ӯ , ки баъдтар Вазири савдои Тоҷикистон таъйин гардиид, он замон дар шаҳри соҳили Нева ба курси омӯзишӣ фиристонда шуда буд.

Гулсифат Шаҳидӣ журналист, адабиётшинос, насрнавис, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Россия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад.

Дар асоси китобҳои Шаҳидӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Минск, Калининград, Лондон, Ню-Йорк, Вашингтон, Стокҳолм, Кембриҷ ва Тел-Авив  шабҳои  адабӣ ва эҷодӣ баргузор шудаанд.

Имрӯз ӯ амалан дар се шаҳр — Душанбе, Москва ва Лондон кор ва зиндагӣ мекунад.

Гулсифат Шаҳидӣ ҳамсари оҳангсози  маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ ва модари продюсер Табриз Шаҳидӣ мебошад.

 

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Март 24, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт