Муътабар Зоидова — зани ихтироъкори тоҷик, ки дар намоишгоҳи Корея сазовори медали тилло гардид

Март 7, 2021 08:46

ДУШАНБЕ, 07.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Тоҷикистон сафи занони ихтироъкор меафзояд. Занони тоҷик маъмулан дар соҳаи тиб навовариву ихтироъкорӣ мекунанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бахшида ба Рӯзи Модар бо як нафар зани ихтироъкор, ассистенти кафедраи биохимияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Муътабар Зоидова  ҳамсуҳбат гардад.

Муътабар Зоидова 23 — 25 октябри соли 2020  дар Намоишгоҳ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Kiwie-2020 тариқи онлайн иштирок намуда, нахустпатенти худро муаррифӣ намуд. Дар байни 405 нафар занҳои иштироккунанда номбурда сазовори ҷои аввал ва соҳиби медали тилло гардид.

-Мо аз Тоҷикистон 3 нафар дар ин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор Kiwie-2020, ки  бинобар сабаби пандемияи COVID-19  тариқи фосилавӣ доир гардид, иштирок намудем.  Ихтирои ман хосияти зиддибактериявӣ дорад. Маводи мазкур дар Институти химия синтез гардида, хусусияти биологии он муайян карда шудааст ва бар зидди чӯбчаи рӯда ва занбӯрӯғи гурӯҳи кандида фаъолнокии баланд нишон додааст,- гуфт Муътабар Зоидова.

Ба зикри мавсуф, ин аввалин ихтирои ӯ буда, бояд нахуст ташхисҳои килиникиро аз сар гузаронад.

«Барои як моддаро синтез кардан 3-4 моҳ паси сар мешавад. Барои муайн кардани сохтори модда қариб ним сол паси сар мешавад. Бояд гуфт, ки барои пешниҳоди як мавод як сол паси сар мешавад. Аз ин рӯ мо танҳо моддаро омода кардем»,- афзуд ҳамсуҳбат.

Бояд гуфт, ки Муътабар Зоидова  дар баробари ихтироъкор будан дар  оила ҳамсари меҳрубон ва модари мушфиқ  аст. Номбурда соҳиби чор фарзанд — 1 духтар ва 3 писар  мебошад. Духтараш оиладор буда, писари калонӣ донишҷӯ ва боқимонда хонандагони синфҳои 10 ва 11 мебошанд.

Зан-Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон барои ҳар нафар маҳсуб мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ гузошта, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки  мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Муътабар Зоидова иброз медорад, ки зан-модар муқаддастарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият мебошад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам шинос намуд. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.

«Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба камол мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстӣ  меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти фарзанд аст, зеро фарзанд дар ин мактаб тарбия ёфта, муттакои волидон мегардад. Модар пайваста бо ёди фарзанд аст. Намехоҳад ба пойи ӯ хоре халад. Тансиҳатӣ, зиндагии осуда ва хушбахтии фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад модар…»,- мегӯяд М. Зоидова.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 7, 2021 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод