Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 20, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз маҷмӯае аз андӯхтаҳои хирадмандонаи халқу миллати куҳанбунёди мост,  ҷашнест, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накӯкорӣ, сулҳу созандагиро ситоиш мекунад ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад. Чунин зикр шуд дар ҷамъомади идонае, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони бонк доир гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳозиринро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, гуфт, ки «Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо — тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз мебошад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз

неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Ба таъкиди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад ва ин далел мояи ифтихор аст, ки Наврӯзи бостонӣ  ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».

Зикр шуд, ки барои ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз саҳми Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст, зеро 18 феврали соли 2010 бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни Наврӯз пас аз ҳазорсолаҳо ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Таъкид шуд. ки соли равон соли бузурги таърихист, зеро мардуми тоҷик 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ҷашни Наврӯз ва ҷашни Истиқлол бо ҳамдигар пайванди амиқ доранд, зеро Наврӯз, ки шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мо буда, миллати тамаддунофари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, маҳз бо шарофати истиқлоли воқеӣ мақоми ҷаҳониро соҳиб шудааст ва бо шукӯҳи хосса дар кишварамон таҷлил мегардад. Бинобар ин, ба хотири таҷлили ин ду санаи фархунда ва рушду шукуфоии кишвар, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, афзун намудани дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат тақозо мегардад, ки бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии худ қарор дода, бо неруи дучанд барои ободонии Ватан саъю талош намоянд.

Март 20, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст