Неруҳои Амрико мавзеъҳои «Толибон»-ро дар Қандаҳори Афғонистон бомбаборон карданд

Март 18, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/ Неруҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон, пас аз чандин моҳи таваққуф,  дар тӯли 48 соати охир мавзеъҳои ҳаракати “Толибон”-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар вулусволиҳои Жирӣ ва Спин Булдаки вилояти Қандаҳор бомбаборон карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хабаргузории “Хома Пресс”.

Сухангӯи неруҳои ИМА ва хориҷӣ Санни Леггетт 17 март дар саҳифаи твиттераш навишт, ки ин ҳодиса замоне рух дод, ки ҷангҷӯёни толиб мехостанд ба мавзеъҳои неруҳои давлатӣ ҳамла кунанд.

Вай афзуд, ки бар асоси созишномаи Доҳа, онҳо неруҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистонро  мудофиа мекунанд.

Ҳаракати “Толибон” дар посух ба ин ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои амрикоӣ гуфт, ки онҳо бар хилофи созишномаи Доҳа амал кардаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”, дар як эъломия гуфтааст, ки дар тӯли 24 соати гузашта неруҳои ИМА мавзеъҳои “Толибон”-ро дар вулусволиҳои Панҷвойӣ, Жирӣ ва Хокрези вилояти Қандаҳор бомбаборон карданд, ки дар натиҷа “Толибон” талафоти зиёд диданд.

Вай афзуд, ки агар амрикоиҳо ҳамлаҳои худро идома диҳанд, онҳо низ ҳуҷумҳояшонро дар Афғонистон афзоиш хоҳанд дод.

Март 18, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид