Николай Подгузов: Сохтмони панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон моҳи апрел оғоз мешавад

Март 5, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо масъалаи лоиҳаҳоро дар соҳаи энергетика, логистика, саноат ва дигар соҳаҳо муҳокима кардем, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди ҷумҳурӣ амалӣ  карда мешаванд», — гуфт имрӯз дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Николай Подгузов афзуд, ки моҳи апрел дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаби нави русӣ оғоз хоҳад шуд. Тибқи нақша, ин мактабҳо бояд то моҳи сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд. Таъкид гардид, ки Созишнома дар бораи бунёди мактабҳо аз ҷониби Россия дар Тоҷикистон дар Москва пас аз музокироти президентҳои ду кишвар — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба имзо расида буд.

Ба гуфтаи Николай Подгузов, Президенти Тоҷикистон омӯзиши забони русиро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Барои мо муҳим аст, ки ин лоиҳаро дар вақташ ба итмом расонем.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»