Қодири Қосим: Навсозии роҳи сатҳи байналмилалии Дарвоз-сарҳади ноҳияи Рӯшон аз моҳи июн шурӯъ мешавад
ХОРУҒ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим изҳор дошт, ки «сокинони баъзе деҳоти ин ҷамоат бар асари тармафуроӣ ва дар фасли зимистон зуд-зуд баста шудани роҳҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ имсол дар деҳаи Барсеми ҳамин ҷамоат сохтмони долонҳои зиддитармавӣ оғоз гардида, ҳамзамон навсозии роҳи сатҳи байналмилалии Дарвоз- сарҳади ноҳияи Рӯшон низ аз моҳи июн шурӯъ мешавад».
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз аст вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»-ро ба сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Ишкошим шарҳ медиҳанд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ мулоқот намуда, доир ба муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат чунин изҳори андеша намуд: “Мақсаду мароми ҳар сатри ин ҳуҷҷати тақдирсоз ҳарчӣ бештар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Барои муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифа гузошта шуд, ки дар зарфи чанд соли оянда бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шаванд. Ин тадбир аз як сӯ, агар пеши роҳи молҳои зиёди воридотиро гирад, аз сӯи дигар, садҳо ҷои кориро барои шаҳрвандон фароҳам меорад. Танҳо соли гузашта дар кишвар 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6 ҳазору 500 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд”.
Зикр шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат ҳамчунин таъкид гардид, ки 75 фисади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад ва 24 фоизи маҳсулоти хоҷагии халқ маҳз дар деҳот тавлид меёбад. Бинобар ин Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ дар баробари инкишофи соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, тамоми корхонаҳои соҳаи кишоварзиро аз андози замин озод намуданд. Ноҳияи Ванҷ яке аз ноҳияҳои асосии кишоварзии вилоят буда, сабзавоту меваҷоти ин ноҳия аз ҷиҳати таъму мазза дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ харидорони зиёд доранд. Ин тадбир ба кишоварзон имконият медиҳад, ки соли равон истеҳсоли меваю сабзавотро боз ҳам бештар гардонанд.
Бояд зикр кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2 ҳазору 200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ аз нав бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ин раванд солҳои наздик боз зиёда аз 1 ҳазору 500 километр роҳҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Дар анҷом аз сокинони сарбаланди ин гӯшаи Ватан даъват карда шуд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ фаъолона ширкат намуда, дар ободонии диёрашон саҳм гузоранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






