Ғолибони Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе муайян шуданд

Март 6, 2021 14:08

ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба  Рӯзи Модар ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии «Муассисаи давлатии маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и (Манеж) шаҳри Душанбе Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он зиёда  42 дастаи волейболи бонувон аз вазорату идораҳо, инчунин шаҳру вилоятҳо  ширкат намуданд.  

Шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъбаст гардид. Натиҷаи мусобиқа чунин аст:

Байни бонувони касбӣ:

Ҷои якум — ВМКБ бо Ҷом, медал, Диплом ва маблағ дар ҳаҷми 16000 ҳазор сомонӣ;

Ҷои дуюм- шаҳри Душанбе-1 медал, Диплом маблағ дар ҳаҷми 13500 сомонӣ;

Ҷои сеюм — вилояти Суғд медал, Диплом маблағ дар ҳаҷми 10500 сомонӣ;

Ҷои чорум- шаҳри Душанбе — 2 , медал, Диплом маблағ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ

Байни бонувони ғайрикасбӣ:

Ҷои 1 — ВКДҶТ — 16000 сомонӣ;

Ҷои 2 — Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷ Т- 13500 сомонӣ;

Ҷои 3 — Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — 10500 сомонӣ;

Ҷои 4 — Кумитаи омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- 5000 сомонӣ.

Дар ҷамъбасти мусобиқа бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ба ғолибони дастаҳои бонувони касбӣ ва ғайрикасбӣ як хел маблағ супорида шуд.

Март 6, 2021 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд