Панҷ варзишгари маъруфи тоҷик дар Мусобиқаи Босфор оид ба бокс иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истанбули Туркия Мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс оғоз шуд, ки то 21 март идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 5 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Шоира Зулқайнарова (-60кг) миёни бонувон, Аминҷон Сайрализода (-57кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) миёни мардон намояндагӣ мекунанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар Мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс варзишгарон аз 25 давлат барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Ёдрас менамоем, ки ду варзишгари тоҷик аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов (-63кг) ва Шаббос Негматуллоев (-81), ки соли гузашта роҳхати олимпӣ ба даст оварда буданд, ба Бозиҳои олимпии Токио-2021 омодагӣ мебинанд. Ҳар ду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






