Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шуморо ба муносибати оғози расмии фаъолияти дипломатиатон дар Тоҷикистон самимона табрик мегӯям, ба Шумо барору комёбӣ ва фаъолияти пурсамар дар самти рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса орзу менамоям. Итминон медиҳам, ки ҳама иқдомҳо ва ташаббусҳои созандаи Шумо аз ҷониби Парлумон дастгирӣ меёбанд. Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз зимни мулоқот бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран баён намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз дошт, ки хусусияти мутақобилан судманди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ шарти муҳими ба вуҷуд овардани робитаҳои мустаҳками байнидавлатӣ мебошад.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО дар моҳи октябри соли 2005 ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ такони иловагӣ бахшид. Дар доираи сафар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид. Ҳамзамон саҳми диаспораи тоҷикон дар Фаронса дар таблиғи арзишҳои фарҳангу санъати қадимаи онҳо, анъана ва урфу одатҳо ва дар маҷмӯъ дар баланд бардоштани обрӯи тоҷикони бурунмарзӣ низ назаррас аст.
Раиси парлумони касбии мамлакат таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Фаронса бояд барои эҷод ва ташкили механизми самарабахши ҳамкорӣ дар шакли Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ саъйҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд. Дар баробари ин, бояд форумҳои тиҷоратӣ, мизи мудаввар, намоишгоҳҳо ва презентатсияҳо гузаронида шаванд. Ин метавонад ба фаъол гардидани самтҳои афзалиятнок ва умедбахши ҳамкориҳои байни кишварҳо мусоидат намояд.
Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, ва ғайра ташкил медиҳад.
Умедворем, ки бо иштироки фаъоли Шумо ин муносибатҳо ба нафъи халқҳои кишварҳоямон босуръат рушд хоҳанд кард,-гуфт дар анҷоми мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Фаронса тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






