Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Бохтар бо ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрӣ намуданд

Март 24, 2021 11:37

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар дар тарабхонаи «Малика» бо 200 нафар ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрии самимӣ анҷом доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Вахш вохӯрӣ карда, ба онҳо тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд.

Туҳфаҳои Сарвари давлат аз сару либос, шириниҳо, 5 намуд китоби бадеӣ ва кумакҳои пулӣ иборат буд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз падару модар ятим мондаанд, инчунин дар бораи дастгириҳои дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа андешаронӣ карданд.

Дар вилояти Хатлон 29 ташкилоту муассисаи иҷтимоии хизматрасонӣ ба шахсони маъюб ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки дар онҳо садҳо нафар ба ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 63 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо соли таҳсили 2020-2021 8146 нафар, аз ин 2526 нафараш духтар, таълимгиранда, аз ҷумла 1653 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 176 нафар ятими кулл, 1384 нафар бепадар, 343 нафар бемодар ба таълиму тарбия ва ғамхории Пешвои миллат фаро гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 4 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 1 мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, буда, дар онҳо дар соли таҳсили 2020-2021 дар маҷмӯъ, 2585 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 564 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 53 нафар ятими кулл, 440 нафар бепадар ва 140 нафар бемодар мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин кӯдакон зери ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамеша Сарвари давлат аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таҳсилашон бохабар ҳастанд.

Вохӯрии имрӯзаи Президенти мамлакат низ идомаи мантиқии тадбирҳои башардӯстонаи сиёсати иҷтимоию инсонпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Вохӯрӣ бо ятимони кулли вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар 24.03.2021

Март 24, 2021 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон