СОКИНОНИ ТОҶИКИСТОН СОЛ ТО СОЛ ХУДРО ХУШБАХТ ҲИС МЕКУНАНД. Гузориши ҷаҳонии хушбахтии шабакаи зерсохторҳои СММ аз он шаҳодат медиҳад

Март 20, 2021 16:13

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар раддабандии хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон сол то сол бемайлон баланд мешавад. Дар муқоиса бо соли 2015, ҷумҳурӣ мавқеи худро 38 зина беҳтар кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Гузориши ҷаҳонии хушбахтӣ, ки рӯзи 19 март нашр шуд, аз он шаҳодат медиҳад.

Имсол раддабандии хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии саодат, ки 20 март таҷлил мешавад, нашр гардид. Тоҷикистон дар он дар зинаи 62-юм қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2015 аз рӯи хушбахтии аҳолӣ Тоҷикистон дар ҷои 100-ум, соли 2017 — дар 96-ум, соли 2019 — дар 74-ум ва соли 2020 — дар ҷои 71-ум қарор дошт.

Россия ҳамагӣ ду зина пеш буда, дар рӯйхат мақоми 60-умро ишғол кард. Ин нишондод нисбат ба соли 2017 11 зина пасттар аст.

Финляндия имсол бори чаҳорум пайдарҳам дар садри ин раддабандӣ қарор гирифт. Исландия, Дания, Швейтсария, Нидерланд, Шветсия, Германия, Норвегия, Зеландияи Нав ва Австрия низ ба қатори даҳ кишвари хушбахттарин шомил щуданд. ИМА зинаи 14-умро ишғол намуд.

Бино ба гузориш, кишварҳои бадбахттарин Зимбабве (дар зинаи охирин) ва Танзания мебошанд.

Гузориши ҷаҳонии хушбахтӣ лоиҳаи байналмилалии тадқиқотӣ мебошад, ки хушбахтии одамони тамоми дунёро андоза мекунад. Тадқиқот аз ҷониби марказҳои илмии Донишгоҳи Колумбия, Институти Замин ва Маркази Рушди Устувор таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Шабакаи рушди устувор бо мақсади нишон додани дастовардҳои кишварҳои ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳида аз ҷиҳати қобилияти таъмин намудани сокинони худ бо зиндагии хушбахтона гузаронида мешавад.

Март 20, 2021 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон