19.03.2021, шаҳри Душанбе
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам сипоси худро ба ҷаноби Раис барои даъват ва имкони суханронӣ дар ин ҷаласаи сатҳи баланд иброз намоям.
Нишасти имрӯза, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” баргузор мегардад, барои Тоҷикистон ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ басо муҳим аст.
Вақте мо оид ба эълони ин Даҳсола ташаббус намудем, ҳадафи аслӣ аз оғози ҳарчи зудтари амалҳое, ки ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат мекунанд, иборат буд.
Имрӯзҳо, бо дарназардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири ҳамагирии Ковид-19, ин ҳадаф аҳаммияти хосса касб кардааст.
Мавриди таъкид аст, ки ҳанӯз ҳам 29 фоизи аҳолии кураи Замин ба оби нӯшокии безарар ва 55 фоизи он ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт дастрасӣ надоранд.
Мусаллам аст, ки дар вазъияти имрӯза татбиқи саривақтии Рӯзномаи-2030 барои аксари кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳил, алалхусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ, душвор хоҳад буд.
Чунин ҳолат, бешубҳа, тақвияти бештари ҳамкориҳоро ҷиҳати суръат бахшидан ба амалҳои ҳамоҳангшуда зимни татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби Рӯзномаи-2030 талаб менамояд.
Ҷаноби Раис,
Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд роҳандозӣ намудааст.
Бо ташаббуси кишвари мо ҳашт қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об бо иттифоқи оро қабул шудааст, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.
Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузоранд.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам бори дигар омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи масъалаҳои об ва хусусан, вобаста ба пешгирии таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйирёбии иқлим, дар ҳамаи сатҳҳо таъкид намоям.
Чанде пеш мулоқоти якуми Панели навтаъсиси сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ки Тоҷикистон узви он мебошад, доир гардид.
Дар ин ҷаласа мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шавад.
Бешубҳа, ин иқдом ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим мусоидат хоҳад намуд.
Умед дорем, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони мо аз ин ташаббус пуштибонӣ хоҳанд кард.
Сабаби асосии пешниҳодоти мазкури мо обшавии босуръати яхҳо ҳам дар рӯйи об ва ҳам дар хушкӣ мебошад, ки метавонад дар ояндаи наздик ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.
Намунаи возеҳи ин раванд обшавии бошиддати пиряхҳои Тоҷикистон мебошад, ки то 60 фоизи манбаи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.
То имрӯз зиёда аз 1000 адад пиряхи хурду миёна дар Тоҷикистон пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳо қариб се маротиба кам гардидааст.
Мусаллам аст, ки чунин ҳолат на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ таъсири манфӣ мерасонад.
Зимнан, Тоҷикистон мавзӯи тағйирёбии иқлимро дар меҳвари рӯзномаи давраи раёсати кунунии худ дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал қарор додааст.
Бо дарназардошти таъсири ин раванд ба захираҳои об, мо талошҳои худро дар доираи Фонди мазкур барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин ҷода афзун хоҳем гардонид.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Тоҷикистон дар соҳаи оби кишвар низ як қатор таҳаввулоти ҷиддиро роҳандозӣ намудааст.
Чунончӣ, ҷиҳати такмили низоми оби кишвар ва мутобиқ кардани он ба талаботи муосир Барномаи даҳсолаи ислоҳоти соҳаи обро то соли 2025 қабул карда, онро зина ба зина амалӣ гардонида истодаем.
Дар доираи ин ислоҳот соли 2020 Кодекси об дар таҳрири нав ва мутобиқ ба талаботи идораи маҷмӯии захираҳои об қабул гардид.
Дар баробари ин, ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо таъсис дода шуданд.
Қонун “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” низ дар таҳрири нав қабул гардид, ки афзалияти ҳуқуқи инсонро ба оби нӯшокӣ таъкид менамояд.
Возеҳ аст, ки бе маблағгузорӣ ва сармоягузории муносиб раванди татбиқи ислоҳот наметавонад муваффақ бошад.
Чунин ҳолат на танҳо хоси Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, дастгирии онҳо аз ҷониби кишварҳои донор ва шарикони рушд, хусусан дар маблағгузорӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи об, хеле муҳим дониста мешавад.
Ҷаноби Раис,
Мусаллам аст, ки бе муттаҳид сохтани талошҳои ҳама ҷонибҳои манфиатдор, хусусан дар вазъияти таъсири рӯзафзуни таҳдидҳои муосир, ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ғайриимкон аст.
Мо итминон дорем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” заминаи мусоидро барои ба ҳам овардани амалҳо фароҳам меорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он бояд ба таври муносиб истифода намояд.
Умед дорам, ки талошҳои муштараки мо имкон фароҳам меоранд, то мо дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 натиҷаҳои назаррасро муаррифӣ намоем.
Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ҳамраиси конфронси мазкур омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳо ҷиҳати баргузории самарабахши ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ иброз менамояд.
Дар ин замина, мо соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба раванди Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” доир хоҳем кард ва умед дорем, ки он дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 саҳми босазо хоҳад гузошт.
Ҷаноби Раис,
Дар фарҷоми сухан бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки танҳо дар сурати амалӣ намудани тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳо метавон дар роҳи расидан ба Ҳадафи шашуми рушду устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба об ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин зимн ҳамкориҳои пайваста бо риояи баробари манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо ва ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба инфрасохтор омили муҳими комёбӣ дар ин раванд арзёбӣ мегарданд.
Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!