СУРАТ-ДАЛЕЛ. Корҳои ороишии Майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бахшида ба ҷашни Наврӯз анҷом ёфтанд

Март 16, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои ороишиии майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ анҷом ёфтанд.

Дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ  рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак қомат афрохт. Баландии сабзаи суманак 30 метр ва паҳноии табақи он 16 метрро  ташкил медиҳад. Инчунин дар  майдон, дар паҳлӯи ин рамзи наврӯзӣ, дастурхон бо дарозии 10 метр ва паҳноии 6 метр густурда ва он тибқи  анъанаи асосӣ ва қадимаи ҷашни Наврӯз — «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ороста  шудааст.

Дар  майдон ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг  ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб  гардидаанд. Девораи намоиши гулҳои баҳорӣ бо дарозии 45 метр ва баландии 3 метр — аз навгониҳои дигар дар ин майдон бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи ниёгон мебошад. Дар майдон инчунин конструксияи наврӯзӣ бо кураи Замин ва навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» гузошта шуд.

Март 16, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад