СУТ аз ҳолати даст кашидани чанд мамлакати Иттиҳоди Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca ба ташвиш омадааст

Март 12, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ҳолатҳои рад намудани  истифодаи ваксинаи ширкати британиягӣ-шведии AstraZeneca -ро дар баъзе мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо меомӯзанд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа, 12 март намояндаи СУТ ба “РИА Новости” хабар додааст.

«Ҳамин ки СУТ дар бораи  ҳолати бавуҷудомада маълумоти пурра пайдо кард, созмон фавран натиҷаҳои худ ва ё тағйирот дар тавсияҳои ҳозираро ошкоро эълон хоҳад кард», — гуфт мусоҳиби агентӣ.

11 март ширкати AstraZeneca дар посух ба он ки мақомоти чанд давлати аврупоӣ тасмим гирифтаанд истифодаи ваксинаро бинобар ҳолатҳои лахташавии хун дар бемороне, ки  ваксина гузаронидаанд,  боздоранд, изҳор доштааст, ки доруи онҳо тибқи натиҷаи  санҷишҳои клиникӣ дар  беморон таъсири хуб  нишон додааст.

Дар навбати худ, Агентии маводи дорувории аврупоӣ (EMA) ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тавсия додааст, ки истифодаи ваксинаро идома диҳанд ва ба он ишора кардааст, ки таҳқиқи ҳолатҳои мушкилоти тромбоэмболӣ идома дошта, то ҳол ягон далел вуҷуд надорад, ки маҳз ваксина онҳоро ба вуҷуд овардааст.

11 март Дания қарор дод, ки эмгузаронӣ  бо ваксинаи AstraZeneca-ро боздорад. Вазири тандурустии ин мамлакат Магнус Хеуник гуфт, ки то ҳол робитаи байни ваксинаҳои AstraZeneca ва ташаккули лахтаҳои хун аниқ муқаррар нашудааст, аммо давлат мехоҳад мушкилотро пешгирӣ кунад ва гузаронидани тафтишро муҳим мешуморад.

Пас аз Дания мақомоти Италия, Норвегия ва Исландия низ бо сабабҳои эҳтиётӣ чунин тасмим гирифтанд. Ҳукумати Эстония маслиҳат додааст, ки аз эмкунии одамони гирифтори тромбоз даст кашанд.

Илова бар ин, худи ҳамон рӯз маркази таъсироти манфии нидерландӣ Lareb аз эҳтимоли гирифтори тромбоз шудани беморе баъди  эмгузаронӣ бо ваксинаи  AstraZeneca хабар дод.

Март 12, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид