СУТ огоҳ мекунад: ваксинаҳои «аз даст» харидашуда ба саломатӣ хатар доранд

Март 29, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз кӯшишҳои гурӯҳҳои ҷинояткор ҷиҳати бой шудан бо истифода аз вазъи вобаста ба камбуди ваксинаҳо изҳори нигаронӣ карда, аз сокинони сайёра даъват намуд, ки мустақилона дору харидорӣ накунанд, чунки онҳо метавонанд бесифат  ва ё қалбакӣ бошанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад.

Эмгузаронӣ алайҳи COVID-19 дар 177 кишвари ҷаҳон оғоз ёфт, аммо 36 кишвар то ҳол имкони таъмини ҳифзи ҳатто гурӯҳҳои осебпазир — кормандони тиб ва куҳансолонро надоранд. Директори генералии СУТ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус дар ин хусус ва инчунин дар бораи мушкилоти вобаста ба камбуди ваксинаҳо ва кӯшиши гурӯҳҳои ҷиноӣ ҷиҳати бой шудан бо истифода аз ин ҳолат ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла, ҳукуматҳои чанд кишвар дар мавриди таҳвил додани ваксинаҳои зидди COVID-19 «пешниҳодҳои шубҳанок» гирифтаанд. Илова бар ин, ба СУТ дар бораи ҳолатҳое, ки як миқдори ваксинаҳо аз бастаҳо гирифта, барои фурӯш ба тарафи дигар фиристода мешаванд, гузоришҳо ворид мешаванд. Ин дар ҳолест, ки барои риояи шароити зарурии нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли ваксинаҳо дар чунин ҳолатҳо кафолат дода намешавад.

Дар бозор низ ваксинаҳои қалбакӣ пайдо шудаанд ва аз тариқи интернет, алахусус дар darknet — ба истилоҳ бозори сиёҳи виртуалӣ фурӯхта мешаванд. «Ба мо дар бораи қонуншиканиҳои дигар, аз ҷумла истифодаи такрории шишачаҳои ваксина гузоришҳо ворид мешаванд», — илова кард доктор Тедрос. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо, роҳбари СУТ даъват кард, ки шишачаҳои ваксинаҳо пас аз истифодаи доруи онҳо нобуд ё партофта шаванд.

Хоҳиш мекунем, ки дар бораи ҳар гуна муомилоти шубҳанок ба ҳукумати худ хабар диҳед ва ҳукуматҳо ин иттилоъро ба СУТ мерасонанд.

Вай инчунин бо исрор дар мавриди аз шахсони сеюм харидорӣ накардани ваксинаҳо маслиҳат дод. «Чунин доруҳо метавонанд ба стандартҳо ҷавобгӯ набошанд, қалбакӣ бошанд ва ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонанд», — зикр кард доктор Тедрос. Вай ҳушдор дод, ки мушкилоти марбут ба истифодаи доруҳои қалбакӣ набояд ба ҳеҷ ваҷҳ бовариро ба ваксинаҳои аслӣ коҳиш диҳад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мунтазам ҷомеаи ҷаҳонро дар бораи доруҳои қалбакӣ ва пастсифат, ки дар бозори ҷаҳонӣ пайдо мешаванд, огоҳ мекунад. Агар чунин зарурат ба вуҷуд биояд, СУТ дар бораи ваксинаҳои қалбакӣ алайҳи COVID-19 низ огоҳиҳои дахлдор нашр хоҳад кард.

«Мо аз ҳама кишварҳо ва шахсони алоҳида даъват мекунем, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд», — гуфт доктор Тедрос. — Хоҳиш мекунем, ки дар бораи ҳар гуна муомилоти шубҳанок ба ҳукумати худ хабар диҳед ва ҳукуматҳо ин иттилоъро ба СУТ мерасонанд».

ДАР АКС: Барои пешгирии сохтакории ваксинаҳои зидди COVID-19 СУТ даъват мекунад, ки шишачаҳои ваксинаҳо пас аз истифодаи доруи онҳо нобуд ё партофта шаванд. Акси Янссен

Март 29, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон