ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 март, чоршанбе, 62-юмин рӯзи соли 2021 аст

Март 3, 2021 08:00

3 марти соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

***

11 сол пеш, 3 марти соли 2010 дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад».

3 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.

***

Рӯзи байналмилалии нависанда.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ.

***

Дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

3 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

3 марти соли 2010 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Сафири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов дар рӯзномаи «Жэнмин Жибао»-и Чин таҳти унвони «Аз Чунтсзе то Наврӯз» мақола нашр намуд. (Чунстзе- яке аз идҳои муҳими Чин, иди баҳор, инчунин соли нави чинист).

***

11 сол пеш, 3 марти соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки  навбатии ҳайатҳои ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

***

48 сол муқаддам, 3 марти соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

***

3 марти соли 1991 дар Латвия ва Эстония  раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.

***

Соли 1987 боксёри машҳури амрикоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Март 3, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш