ТОҶИКИСТОН БА РӮЙХАТИ «КИШВАРҲОИ НАМУНАВӢ» ДОХИЛ ШУД. Хазинаи байналмилалии асъор давлатҳоеро ном бурд, ки сарфи назар аз буҳрони коронавирус рушди иқтисодиро нигоҳ доштанд

Март 1, 2021 11:23

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ дар натиҷаи пандемияи коронавирус назар ба буҳрони солҳои 2008-2009 ҷиддитар гардид. Он замон, соли 2008 афзоиши ММД-и ҷаҳон то 1.83% ва соли 2009 бори аввал пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон 2,3% коҳиш ёфт.

Тибқи гузориши Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), бар асари пандемияи коронавирус афзоиши ММД дар бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон дар семоҳаи чоруми соли гузашта то 0,7% заиф шуд ва иқтисоди Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар семоҳаи чоруми соли гузашта 0,6% коҳиш ёфт.

Тафсилоти бештар дар маводи хабарнигори АМИТ «Ховар».

Соли аввали буҳрони ҷаҳонӣ барои аксари кишварҳо бо коҳиши ММД ва афзоиши қарз — қарзи давлатӣ, корпоративӣ ва хонаводагӣ ба поён расид. Коҳиши афзоиши ММД-и иқтисодҳои ҷаҳон дар натиҷаи пандемияи коронавирус соли гузашта назар ба буҳрони солҳои 2008-2009 назаррас буд. Он замон, соли 2008 бори аввал пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон афзоиши ММД-и ҷаҳон 1,83% ва соли 2009 — 2,3% коҳиш ёфт.

Нишондиҳандаҳои моҳҳои охири соли 2020 нишон медиҳанд, ки афзоиши ММД дар байни кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) то 0,7% ва иқтисоди ИА дар семоҳаи чоруми соли гузашта 0,6% коҳиш ёфтааст.

Коҳиш қариб дар ҳама кишварҳое, ки қаблан афзоиши барқароршавӣ доштанд, ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ, охири соли 2020 ММД-и кишварҳои СҲИР 4,9% поён рафт, ки ин аз оғози мушоҳидаҳо дар соли 1962 ҳадди аксар буд. Дар байни кишварҳои ҳафтгона (G7) коҳиши солонаи ММД аз – 3,4% (дар ИМА) то – 10,0% (дар Британияи Кабир)-ро ташкил медод. Коҳиши назарраси иқтисод дар Франсия (-9,0%) ва Италия (-9,2%) ба қайд гирифта шудааст.

Ҷолиби диққат аст, ки сарфи назар аз буҳрони коронавирус, як қатор кишварҳо охири сол рушди иқтисодиро нигоҳ доштанд. 2,3% афзоиш ёфтани иқтисоди Чинро соли 2020 бо он шарҳ додан мумкин аст, ки ин кишвар пеш аз дигарон ба буҳрон дучор шуд ва бо шарофати чораҳои шадид онро зудтар паси сар кард. Аммо Чин ягона иқтисоди бузург нест, ки дар соли аввали буҳрони ҷаҳонӣ моҳирона паси сар намуд. Ба рӯйхати «кишварҳои намунавӣ» Миср (+3,6), Ветнам (+ 2,8%), Тоҷикистон (+ 2,2%) ва Туркия (+1,2) шомил шуданд.

ХБА тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 дар муқоиса бо дигар кишварҳо самарабахш ва муассир тавсиф кард. Дар ин бора, аз ҷумла, охири соли гузашта роҳбари миссияи ХБА дар Тоҷикистон Падамжа Ханделвал зимни видеоконфронс бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода гуфта буд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат 27 январ эълон карданд, ки дар кишвар дигар коронавирус нест. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз аввали соли нав то ҳол ягон ҳодисаи COVID-19 расман ба қайд гирифта нашудааст.

«Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем», — ҳушдор доданд Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ ба Парлумони кишвар.

Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, бо ташаббус ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар Нақшаи чорабиниҳои фавқулодаро барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва коҳиш додани таъсири он ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқ кард, ки татбиқи он идома дорад. Дар нақша дастгирии бахшҳои иқтисодӣ, бахусус бахши хусусӣ, савдо ва хизматрасонӣ, афзоиши истеҳсолот дар саноат ва кишоварзӣ, ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби донорҳо ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи татбиқи Нақшаи мазкур як зумра тадбирҳо оид ба имтиёзҳои андоз ва эълони таътилҳои андоз барои корхонаҳо ва ташкилоти соҳибкории хурду миёна, соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳои нақлиётӣ, ташкилоти соҳаи сайёҳӣ ва дигар намудҳои хадамот андешида шуданд.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, шаҳрвандони гирифтори коронавирус, инчунин кормандони соҳаи тиб, ки чунин беморонро табобат мекунанд, тадбирҳо андешида шуданд. Илова бар ин, аз 1 сентябри соли 2020 музди меҳнати ташкилоти буҷетӣ, нафақа ва кумакпулиҳо ба ҳисоби миёна 15% зиёд карда шуд, ки ин ҳам як тадбири дастгирии иҷтимоии аҳолии кишвар мебошад.

Тибқи Фармони Президент, то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф гузошта шуд.

Бо дарназардошти он ки имрӯз бисёр кишварҳо бо мушкилоти амнияти озуқаворӣ ва болоравии нархи озуқаворӣ рӯ ба рӯ шудаанд, дар ҷумҳурӣ дар шароити маҳдуд будани заминҳои корам, чораҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин, ба даст овардани якчанд ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши ҳаҷми истесоли он тадбирҳо андешида шуданд. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат ду ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумат баргузор карданд, ки дар он ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки нақшаи кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, майдони кишти картошкаро 40% зиёд намуда, инчунин майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладона, лӯбиё ва ҷуворимаккаро 60 фоиз зиёд намоянд. Дар маҷмӯъ, кишти такрории зироати кишоварзӣ дар майдони 185,9 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда буд.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ майдонҳои кишти асосӣ ва такрории зироати кишоварзӣ даҳҳо ҳазор гектар зиёд карда шуданд.

Дар соҳаи тандурустӣ аз буҷаи давлат барои хариди доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ, ташкили беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шуданд.

Барои пурра ва сари вақт шифо ёфтани шахсони гирифтори бемории сироятии COVID-19 дар кишвар зиёда аз 30 беморхона бо 7000 кат омода карда шуда, 5400 нафар табибон ва кормандони тиб сафарбар гардиданд. Дар баробари ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16000 кат насб карда шуд.

Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ, тибқи Фармони Президенти кишвар аз 5 июни соли 2020 имтиёзҳои зиёди андоз ва қарз, афзалият ва ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шуданд.

Илова бар ин, соли 2020 аз ҷониби ташкилоти қарзии кишвар барои коҳиш додани таъсири пандемия ба 260 ҳазор муштариён барои қарзҳо ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарзҳо дода шуданд, ки нисбат ба соли 2019 2% зиёд аст.

Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилот ва муассисаҳои буҷетӣ, стипендия 15%, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ — 10%, нафақа барои гурӯҳи маъюбони ба нигоҳубин ниёзманд — 50% зиёд карда шуданд.

Соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ расида, ҳаҷми даромади буҷаи давлатӣ то 23,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани таъсири омилҳои берунии марбут ба пандемияи коронавирус, Ҳукумати кишвар ҳамкориро бо ташкилоти молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ тақвият бахшид. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо аз ХБА қарзи бефоиз дар ҳаҷми 189,5 миллион доллар, аз Фонди Аврупоии Устувор ва Рушд қарз дар ҳаҷми 50 миллион доллар, Бонки Осиёии Рушд грант дар ҳаҷми 122,5 миллион доллар, аз Бонки Ҷаҳонӣ грант дар ҳаҷми 11,3 миллион доллар, аз Бонки Исломии Рушд 9,4 миллион доллар ва аз ҳукумати Германия 1 миллион евро ҷалб карда шуд. Ҳаҷми умумии маблағҳои ҷалбшуда дар соли 2020 беш аз 384,3 миллион долларро ташкил дод.

Ғайр аз он, Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони Неругоҳи барқи обии Себзор ба маблағи 18,6 миллион евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ва 17 миллион евро аз ҳисоби ҳукумати Германия созишномаҳои грантӣ имзо кард. Тоҷикистон инчунин бо Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 112 миллион евро созишномаи грантӣ ба имзо расонид, ки он ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳои иқтисод равона карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки 28 июли соли 2020 ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкории ИА ва Тоҷикистон дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар ҷараёни он бо мақсади таъмини суботи макроиқтисодӣ ва кам кардани хавфҳои эҳтимолии таъсири манфии пандемияи коронавируси COVID-19 ба рушди иқтисодиёти миллӣ, масъалаи расонидани кумаки ИА барои дастгирии буҷаи давлатии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки ИА дар доираи барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 360 миллион евро грант хоҳад дод.

Пандемия ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ асар намудааст

 Дар охири соли гузашта роҳбари намояндагии ХБА дар Тоҷикистон Падамжа Ханделвал зимни нишасти видеоӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки сарфи назар аз муваффақияти ба даст овардаи Тоҷикистон, “пандемияи коронавирус ба ҳар ҳол ба иқтисодиёти кишвар таъсир кардааст, хусусан ба соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳамлу нақли борҳо ва  мусофирон».

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» нақл карданд, коҳиши назарраси нафт ва молҳои содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин беқурбшавии асъори миллӣ дар кишварҳо — шарикони тиҷоратии асосӣ, хусусан дар Россия, ба рушди иқтисоди миллӣ дар маҷмӯъ ва соҳаҳои он таъсири манфӣ расониданд.

Аксари коршиносон зикр мекунанд, ки дар шароити буҳрони коронавирус баста шудани марзҳо боиси болоравии нархи маводи ғизоӣ, молҳои асосии саноатӣ ва коҳиши маҷрои интиқоли пул бо сабаби ҷорӣ намудани чораҳои маҳдудкунанда дар кишварҳои маъмулии буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ гардид.

Тибқи маълумоти ХБА, ҳаҷми савдои дохилӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ соли 2020 нисбат ба соли гузашта 6,8%, хизматрасонии пулакӣ — 2,6%, интиқоли мусофирон — 2,5%, ҳамлу нақли борҳо — 0,3% коҳиш ёфтааст. Илова бар ин, тибқи маълумоти пешакӣ, соли 2020 ҳаҷми сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ нисбат ба соли 2019 4,6%, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷӣ 8,1% ва сармоягузориҳои давлатӣ то — 5,5% коҳиш ёфтаанд. Муомилоти савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли 2020 нисбат ба соли гузашта 0,8% зиёд шуд, аз ҷумла ҳаҷми содирот 19,8% афзуд, аммо воридот ба кишвар 5,9% коҳиш ёфт. Дар соли 2020 сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ (аз декабр то декабри соли 2019) 9,4% -ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4% зиёдтар аст. Ба сатҳи таваррум болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ то 13%, маҳсулоти ғайрғизоӣ — 5,8% ва афзоиши тарофаҳои хидматрасонӣ — 4% зам шудааст.

ХБА инчунин омилҳои хориҷиро асоси афзудани суръати таваррум медонад: яъне болоравии нархҳои ҷаҳонии баъзе намудҳои маҳсулоти ғизоӣ ва инчунин афзоиши нархҳо дар кишварҳои шарикони тиҷоратӣ. Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар соли 2020 асосан ба болоравии орди навъи якум то 16,4%, гӯшти гов — 6,2%, равғани растанӣ — 42,6%, шакар — 40,7%, макарон — 30%, тухм — 18,9 фоиз ва картошка — 19,8 фоиз вобаста мебошад.

Кор бояд идома ёбад

Дар ҳамин ҳол, Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Парлумони мамлакат 26 январи соли равон ҳушдор доданд: «Пайомадҳои пандемия ҳамоно ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллии мо, ба буҷаи давлатӣ, муомилоти хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои хидматрасонӣ» таъсири манфӣ мерасонанд.

Мутобиқи маълумоти ХБА, соли 2021 сабқати буҳрони ҷаҳонии соли гузаштаро қабул намуд. Нишондиҳандаҳои моҳҳои аввали соли 2021 нишон медиҳанд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ ҳанӯз аз барқароршавӣ хеле дур аст. Тибқи пешгӯиҳои СММ, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ соли 2021 4,7% -ро ташкил хоҳад дод ва зарари соли 2020-ро ба душворӣ хоҳад пӯшонид. «Барқароршавӣ дар байни кишварҳо хеле нобаробар хоҳад буд. Бисёре аз кишварҳо, ҳатто агар шароити мусоид боқӣ бимонад ҳам, соли 2021 то сатҳи охири 2019 барқарор нахоҳанд шуд. Барқароршавӣ дар солҳои 2022 ва 2023 низ идома хоҳад ёфт.

«Зарур аст, ки ин раванд (кор ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус ва коҳиши пайомадҳои он — эзоҳи АМИТ “Ховар”) минбаъд ҳам рушд намояд», — зикр  карданд Сарвари давлат.

Дар ин робита, «чораҳо ҷиҳати коҳиши пайомадҳои буҳрон бояд ба соҳаҳои иҷтимоӣ, асъорӣ — молиявӣ, гирифтани роҳи заифшавии қурби пули миллӣ, коҳиши меъёрҳои хароҷоти иловагӣ равона шуда бошанд», — гуфт корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Зарина Дадабоева.

Дарвоқеъ, Президенти мамлакат ҳамчун идомаи чораҳои Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии давлатии табақаҳои осебпазири ҷомеа пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз кӯдакӣ дар ҳаҷми  20%, нафақа барои кӯдакони маъюби то 18-сола дар ҳаҷми 20% ва нафақа барои маъюбони гурӯҳи якум дар ҳаҷми 50% зиёд карда шавад.

Ба гуфти Пешвои миллат, афзоиши минбаъдаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад ва бинобар ин роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар деҳқон ва ҳар оила бояд истифодаи самараноки заминҳоро, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро таъмин намоянд, тухмиҳои баландсифат истифода кунанд, то ин ки то 3 ҳосил дар як сол, аз ҷумла дар соли 2021 ба даст биёваранд.

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони кишвар ва таъмини фаровонӣ дар бозори ғизоӣ Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки кишоварзон давоми соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

«Бо дарназардошти вазъи душвор дар ҷаҳони имрӯза, мо минбаъд ҳам бояд тавре кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва халқ норасоии ғизоро озмоиш накунад. Алалхусус, ки соли 2021 барои Тоҷикистони азизи мо соли махсус, соли ҷашни бузург — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад» — ҳидоят намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»

Март 1, 2021 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»