Тоҷикистон дар мавриди истифодаи ваксинаи AstraZeneca ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар мавриди истифодаи ваксинаи зидди коронавируси AstraZeneca, ки як миқдори он ба наздикӣ дар доираи механизми ҷаҳонии COVAX ба кишвар ворид шудааст, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории «Авесто».
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, рӯзҳои наздик нишасти матбуотӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он тасмими ниҳоӣ оид ба истифода намудан ва ё даст кашидан аз ваксинаи AstraZeneca эълон хоҳад шуд.
Ба қавли манбаъ, тасмими ниҳоӣ ҳамин ҳафта гирифта мешавад ва дар ин хусус аҳолии кишвар тавассути расонаҳо огоҳ карда хоҳад шуд.
«Ҳоло бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар сохторҳои масъул машваратҳо оид ба ин масъала гузаронида мешаванд», -зикр кард манбаъ.
Шубҳаҳо дар бораи ваксинаи AstraZeneca замоне пайдо шуданд, ки бисёр кишварҳо, ба шумули Аврупо, боздошти истифодаи ин ваксинаро эълом намуданд.
Баъзе коршиносон бар ин гумонанд, ки истифодаи ваксина метавонад боиси лахташавии хун гардад, ҳарчанд корманди аршади СУТ Сумия Сваминатан рӯзе пеш изҳор кард, ки ба ҳар ҳол кишварҳо бояд истифодаи ваксинаро идома диҳанд. Вай фаҳмонид, ки то ҳанӯз робитаи мустақим байни лахташавии хун ва эмкунӣ ошкор нашудааст.
Директори генералии СУТ дар навбати худ гуфт, ки комиссияи коршиносони СУТ оид ба бехатарии ваксина ҳамаи маълумоти дастрасро меомӯзад ва бо Агентии Аврупо оид ба дорусозӣ (EMA) робитаи зич дорад.
«Пас аз нишасти матбуотии охирини мо рӯзи ҷумъа, боз чанд кишвари дигар баъд аз расидани гузоришҳо дар бораи лахташавии хуни баъзе одамоне, ки бо ду ваксинаи истеҳсоли Аврупо эм шудаанд, истифодаи ваксинаи AstraZeneca -ро ҳамчун чораи эҳтиётӣ боздоштанд», — афзуд ӯ.
Хукуматдорони ИА охири моҳи январ тасмим гирифтанд, ки ваксинаи коркарди ширкати AstraZeneca -ро ба бозори ИА роҳ диҳанд. Аммо пештар коршиносони баъзе кишварҳо ба хулоса омада буданд, ки ваксинаи ин ширкат танҳо барои одамони аз 18 то 64-сола қобили истифода аст.
АКС аз бойгонӣ








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






