ТО МОҲИ МАЙ ТОҶИКИСТОН БАСТАҲОИ КАЛОНИ ВАКСИНАҲОРО ҚАБУЛ МЕКУНАД. Дар ин бора Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон хабар додааст

Март 10, 2021 12:05

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон то моҳи майи соли 2021 дар доираи механизми COVAX беш аз 620 ҳазор вояи  ваксина бар зидди сирояти коронавирус мегирад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон хабар дод.

Дар мавриди аввалин бастаҳои 192 000 вояи ваксина бар зидди коронавирус- AstraZeneca, ки дирӯз, 9 март ба пойтахти Тоҷикистон оварда шуд, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) Мэрилин Йосефсон гуфт, ки ин «ваксинаи самарабахш» буда, тавассути механизми COVAX, ки Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он барои он  беш аз 2,2 миллиард евро ҷудо намудаанд, расонида мешавад».

«Ман мехоҳам ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони наздики мо дар COVAX, СУТ ва ЮНИСЕФ барои ҳамкории самаранок, ҳамоҳангсозӣ ва ба нақша гирифтани татбиқи ваксинаҳо дар сатҳи миллӣ миннатдорӣ баён созам», — гуфт ӯ.

Тибқи суханони роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, ИА дастгирӣ намудани Тоҷикистонро дар мубориза бо COVID-19 идома медиҳад. Ғайр аз ин, дар доираи барномаи нави чорсола барои таҳкими соҳаи тандурустӣ дар солҳои оянда 52 миллион евро сармоягузорӣ карда мешавад.

Сафир Мэрилин Йосефсон инчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон тавассути механизми COVAX то моҳи майи соли 2021 624 000 вояи ваксина мегирад. Ин бастаҳои аввалин эмгузаронии тақрибан 3% аҳолии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, гурӯҳҳои афзалиятнок — кормандони тиб, муаллимон ва шахсони аз панҷоҳсола болоро фаро мегиранд.

Механизми COVAX инчунин ба кишварҳои бенефитсиар барои таъмини маъракаҳои самараноки эмгузаронӣ кумаки техникӣ мерасонад. Ин, масалан, таҳияи нақшаи миллии эмгузаронӣ, баҳодиҳии қобилияти нигаҳдорӣ ва тақсимоти ваксина ё таҳияи нақшаи мукаммали иртиботиро дар бар мегирад, ки чаро ваксинаи COVID-19 ин қадар муҳим аст ва кӣ афзалият пайдо мекунад.

ИА яке аз донорҳои асосии Тоҷикистон буда, дар тӯли 10 соли охир соҳаи тандурустиро дастгирӣ мекунад. Дар доираи ду барномаи охирини дастгирии буҷетӣ- Барномаҳои дастгирии рушди инсонии I ва II, аз соли 2011 инҷониб барои таҳкими системаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар 56,5 миллион евро сармоягузорӣ шудааст.

Баҳори соли 2020 ИА Тоҷикистонро дар вокуниши фавқулода бар зидди пандемияи COVID-19 дастгирӣ намуда, барои воситаҳои муҳофизати шахсии кормандони соҳаи тандурустии хати аввал ва 95 дастгоҳи  нафаскашии сунъӣ барои беморони вазнин 4,6 миллион евро ҷудо намуд, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ харида шуданд. Аксари барномаҳои ҳамкории ИА инчунин тавонистанд амалҳои худро ба ҳалли масъалаҳои марбут ба COVID, аз қабили баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, таҳияи модулҳои таълими фосилавӣ барои таълими онлайн ё дастгирии деҳқононе, ки 60 тонна тухмии серҳосили картошкаро барои кам кардани пайомадҳои хавфи норасоии ғизо гирифта буданд, равона намоянд.

Барномаи нави рушди соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2021-2025 бо маблағи 52,2 млн евро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, чанде пеш аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расид ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ, СУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ амалӣ карда мешавад. Ин барнома идоракунии стратегӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустиро тақвият мебахшад, дастрасиро ба хизматрасониҳои босифати аввалини тиббию санитарӣ беҳтар менамояд ва барои пешгирӣ ва назорати сироят дар тамоми системаи тандурустӣ кумак мерасонад.

                              АКС: Намояндагии ИА ва ҶТ

Март 10, 2021 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон