Турсунзода: Шиносномаҳои шаҳрвандӣ ба хонандагони мактабҳо ва литсейҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида мешаванд

Март 4, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷонибии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон дар 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои шаҳри Турсунзода ба зиёда аз 300 нафар хонандагон дар вазъияти тантанавӣ шиносномаи шаҳрвандӣ тақдим карда шудааст.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  3 март бо иштироки муовини сардори Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии (ХБШ) Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода ба 25 нафар хонандагони МТМУ №18 шаҳри Турсунзода дар ҳузури устодону хонандагон ва волидайни онҳо шиносномаи шаҳрвандӣ супорида шуд.

Зумрад Абдуллозода иброз намуд, ки роҳбарияти ВКД ва ХШБ баҳри боз ҳам қавитару густурдатар гардидани ҳамкории аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд гардидани эътимоди мардум ба кормандони милитсия корҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.

Бояд гуфт, ки хатмкунандагону хонандагоне, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи гирифтани шиноснома доранд.

Аз ҷониби Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тартиби гирифтани шиноснома ва ҳуҷҷатгузории он омӯзонида мешавад. Пас аз сари вақт омода кардани шиноснома, кормандони хадамот ба мактаб омада, дар вазъияти тантанавӣ шиносномаҳоро ба соҳибонашон тақдим мекунанд.

Март 4, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад