Вакилони Парлумон ба маорифчиёни шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ва Сурайё Дӯстмуродзода бо кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маорифи кишвар таҳлилу баррасӣ намуданд.
Зикр шуд, ки новобаста ба буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки бар асари бемории COVID-19 кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, дар равобити иқтисодии байни кишварҳо монеаҳо эҷод намуд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар устувор нигоҳ дошта шуд. Вакилон оид ба буҷети давлатӣ, низоми бонкӣ, сармоягузории мустақим, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ маълумоти муфассал дода, соҳаи маорифро чун самти муҳим ва калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.
Вакилон аз барномаҳои давлатӣ, ки дар самти маориф қабул гардидаанд, афзалиятнокии онҳо, инчунин озмунҳое, ки бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим ва бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон гузаронида мешаванд, ба мисли озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ёдовар шуда, саҳми омӯзгоронро дар мавриди амал қарор гирифтани ин тадбирҳо муҳиму муассир арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин тарбияи фарҳангиву ахлоқӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстии наврасонро, ки аз мактаб сарчашма мегирад, махсус таъкид карда, оид ба пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротию тахрибкор ибрози назар намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






