Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон мулоқот намуд

Март 31, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, Роҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Дебора Лионсро, ки  ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба сулҳи Афғонистон ва роҳандозии ҳамкории муштарак барои мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар, роҷеъ ба аҳамияти муборизаи дастаҷамъона бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ изҳори назар карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 31, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард