Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва муовини Котиби давлатии ИМА суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Март 18, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Девид Ҳейл баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Америка дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии COVID-19 табодули афкор намуданд. Ҳамсуҳбатон ҳамзамон масъалаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 18, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд