Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд

Март 22, 2021 09:36

ДУШАНБЕ, 22.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар ноҳияи Панҷ бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва фаъолону сокинони ноҳия чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳ таҷлил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷониби роҳбарияти вазорат дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар фазои идона ба ятимону бепарасторони ноҳия кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби деҳқонон ва сокинони ноҳия ташкил гардида буд, дидан намуда, ба масъулини мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳия ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча замин ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таъмини бозори кишвар тавсияҳо дод.

З. Завқизода зимни баромади хеш дар чорабинии ҷашнии ноҳия сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуд.

Қайд гардид, ки ҷашни Наврӯз таърихи зиёда аз 6000-сола дошта, бо шарофат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё ва ҷашни ҷаҳонӣ гардид.

Ҳамзамон аз мардуми ноҳия барои тозаю озода ва ободу зебо намудани ҳавлию хонаи худ ва рушду нумӯи ноҳия, тақвият додани корҳои ободонию бунёдкорӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Наврӯзи ноҳия дар сатҳи баланд таҷлил гардида, бо роҳпаймоӣ дар маркази ноҳия ва барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.

Март 22, 2021 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад