Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳавасмандгардонии поккорони пойтахт беш аз 3 миллиону 633 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷиҳати ҳавасманд намудани кормандзанони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, бонувон, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин барои гузаронидани барномаи фарҳангӣ ба ин муносибат 3 633 450 (се миллиону шашсаду сиву се ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур муовинони раиси шаҳр – сарпарасти ноҳияҳо якҷоя бо раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки то 6 марти соли 2021 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағ ва туҳфаҳои ҷудошуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






