ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ: 76 сол пеш Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА пойтахти Японияро бомбаборон карданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. 10 марти соли 1945 Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА маркази Японияро бомбаборон карданд. Ҳар яке аз 334 бомбаандози стратегии В-29, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ иштирок кард, якчанд тонна бомбаҳои оташбор ва напалм (омехтаи химиявии махсус барои бомбаҳои оташзананда) партофтанд.
Он рӯз, яъне 76 сол пеш, даҳшатноктарин ва харобиовартарин ҳамлаи ҳастаӣ дар таърихи сайёра рух дод. Дар ҷараёни амалиёт, ки “Хонаи ибодат” ном дошт, 334 ҳавопаймои бомбаандози вазнини стратегии B-29 Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА ба Токио беш аз яку ним ҳазор тонна бомбаҳои оташгиранда ва напалмӣ партофтанд. Оқибатҳои ин ҳамла барои пойтахти Япония фалокатбор буд. Зиёда аз 40 фоизи биноҳои шаҳр вайрон шуда, беш аз сад ҳазор нафар фавтида буданд.
Дар пойтахти Япония чоряк миллион бино вайрон шуда буд. Шаҳр дар масоҳати беш аз 40 километри мураббаъ ба партови хушкшуда табдил гардида буд.
Дар натиҷаи сӯхторҳои бардавом дар маҳаллаҳои истиқоматии аз биноҳои чӯбӣ сохташуда гирдоби оташбор ба вуҷуд омад, ки имкон надод, то бо оташ мубориза баранд ва ин боиси талафоти зиёди одамон гардид.
На кам аз 80 ҳазор нафар фавтиданд, шумораи бештар бовариноки ҳалокшудагон беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар ин амалиёт 14 бомбаборонкунанда бенишон гум шуданд.








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






