ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ: 76 сол пеш Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА пойтахти Японияро бомбаборон карданд

Март 10, 2021 12:03

ДУШАНБЕ, 10.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. 10 марти соли 1945 Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА маркази Японияро бомбаборон карданд. Ҳар яке аз 334 бомбаандози стратегии В-29, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ иштирок кард, якчанд тонна бомбаҳои оташбор ва напалм (омехтаи химиявии махсус барои бомбаҳои оташзананда) партофтанд.

Он рӯз, яъне  76 сол пеш, даҳшатноктарин ва харобиовартарин ҳамлаи ҳастаӣ дар таърихи сайёра рух дод. Дар ҷараёни амалиёт, ки “Хонаи ибодат” ном дошт, 334 ҳавопаймои бомбаандози вазнини стратегии B-29 Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА ба Токио беш аз яку ним ҳазор тонна бомбаҳои оташгиранда ва напалмӣ партофтанд. Оқибатҳои ин ҳамла барои пойтахти Япония фалокатбор буд. Зиёда аз 40 фоизи биноҳои шаҳр вайрон шуда, беш аз сад ҳазор нафар фавтида буданд.

Дар пойтахти  Япония чоряк миллион бино вайрон шуда буд. Шаҳр дар масоҳати беш аз 40 километри мураббаъ ба партови хушкшуда табдил гардида буд.

Дар натиҷаи сӯхторҳои бардавом дар маҳаллаҳои истиқоматии аз биноҳои чӯбӣ сохташуда гирдоби оташбор ба вуҷуд омад, ки имкон надод, то бо оташ мубориза баранд ва ин боиси талафоти зиёди одамон гардид.

На  кам аз 80 ҳазор нафар фавтиданд, шумораи бештар бовариноки ҳалокшудагон беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар ин амалиёт 14 бомбаборонкунанда  бенишон  гум шуданд.

Март 10, 2021 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид