190 килограмм маводи озуқавории пастсифат дар бозори марказии Хоруғ аз муомилот гирифта шуд

Апрель 6, 2021 11:01

ХОРУҒ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни санҷиши навбатии бозори марказии шаҳри Хоруғ 190 килограмм маводи озуқавории пастсифат барои кӯдаконро аз муомилот берун карданд.

Мутахассиси ин марказ Мастибегим Зайдуллоева ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «давоми чанд соли охир мутахассисони маркази мо ба сифати маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозори марказии шаҳр аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҳарчанд ки солҳои охир маҳсулоти пастсифат ба бозори марказӣ кам ворид мешавад, аммо ҳанӯз ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки ба хотири тавсеаи тиҷорати худ баъзан пинҳонӣ ва баъзан ошкоро ба фурӯши чунин маҳсулоти ба ҷисми инсон хатарнок машғул мешаванд. Соҳибкорон аз шаҳру  ноҳияҳои вилоят аз бозори мазкур маҳсулот харида, дар маҳали истиқомати худ ба фурӯш мегузоранд. Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин маҳсулоти пастсифат, ки ба саломатии инсон гоҳо зуд ва баъзан пас аз чанд моҳ зарари ҷиддӣ мерасонанд, чунин санҷишҳо баргузор мегарданд».

Зикр шуд, ки давоми соли гузашта дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳоди назоратӣ зиёда аз якуним тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба меъёрҳои савдо ҷавобгӯ набуда, муҳлаташон низ гузашта буд, аз дӯкону мағозаҳои бозор мусодира ва дар ҳузури комиссияи махсус нобуд карда шуданд. 800 килограмми ин маҳсулотро намаки бейод ташкил дод, ки пас аз мусодира он ба Корхонаи давлатии манзилию коммуналӣ супурда шуд.

Мутобиқи маълумоти Маркази  эндокринологии вилоят, назар ба чанд соли пеш сатҳи бемории ҷоғар, ки асосан дар натиҷаи пайваста  истеъмол кардани намаки бейод дар вуҷуди инсон пайдо мешавад, ду баробар коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам нигаронкунанда мебошад. Ҳоло даҳ ҳазор нафар сокинони вилоят ба ин беморӣ мубтало мебошанд. Яке аз тадбирҳои муассири коҳиш додани бемории мазкур- ин манъи фурӯши  намаки бейод дар тамоми дӯкону мағоза ва бозорҳои вилоят аст.

Апрель 6, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад